Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оғоз шуд

18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, Вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вориди шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шуданд.

Инчунин дар назар аст, ки зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоишҳои сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуда, дар ҳошияи ин чорабиниҳо бо як қатор сарони давлатҳо масоили ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистон, мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дигари масъалаҳои мубрамро баррасӣ намоянд.