Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми Таэквондо тақдим гардид

17 сентябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея дар қароргоҳи Федератсияи ҷаҳонии Таэквондо (WT) маросими супоридани дани фахрии 9-уми Таэквондо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар қароргоҳи федератсия меҳмони олиқадр Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Таэквондо Чунгвон Чоу самимона истиқбол гирифтанд.

Қабл аз оғози чорабинӣ ба меҳмони олимақом — Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санъати муҳорибаи таэквондо намоиш дода шуд.

Сипас, Президенти Федератсияи Таэквондо Юн Унг Сок қарори Шӯроро оид ба тақдими Дараҷаи фахрии 9-уми Таэквондо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат намуд.

Дар маросими тантанавӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми Таэквондо тақдим гардида, либоси махсус пӯшонида шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Федератсия барои қадршиносӣ изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки таэквондо дар баробари як намуди машҳури варзиши олимпӣ буданаш, дар ҷавҳари худ фалсафаи ҳаёти солим ва иртиботи маънавию фарҳангии инсонҳоро таҷассум мекунад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Федератсияи ҷаҳонии Таэквондо дар рушди минбаъдаи Федератсия ва ҳадафҳои наҷиби он хоҳони комёбиҳои рӯзафзун шуданд.