Эълон: ҷойҳои кории холӣ дар лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) барои татбиқи лоиҳаи “Модернизатсияи ҳифзи иҷтимоӣ ва фарогирии иқтисодӣ” грант ба маблағи 37,5 миллион доллари амрикоӣ гирифт.

Ҳадафи лоиҳа дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи оилаҳои камбизоат ва осебпазир аз хавфҳо, мусоидат ба фарогирии иқтисодӣ ва такмили низоми ҳифзи иҷтимоӣ мебошад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВММША) яке аз ду муассисаи татбиқкунандаи лоиҳа – якҷоя бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.

ВММША масъулияти умумӣ барои татбиқи ҳама чорабиниҳо дар доираи Қисмҳои 2 ва 4.2 лоиҳа, аз ҷумла ӯҳдадориҳои фидусиарӣ хоҳад дошт. Гуруҳи идоракунии лоиҳа (ГИЛ), ки дар дохили Вазорат таъсис дода мешавад, фаъолияти ҳаррӯзаи лоиҳаро пеш бурда, мусоидати техникӣ, молиявӣ ва харид,

кафолатҳо ва равандҳои мониторинг ва арзёбии ду қисм (2 (2.1, 2.2, 2.3) ва 4 ( 4.2)) лоиҳаро ба уҳда мегирад.

Барои лоиҳаи мазкур ҷойҳои кории холӣ аз рӯйи вазифаҳои зерин эълон мекунад:

1. МУТАХАССИС ОИД БА ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ ГУРӮҲИ ИДОРАКУНИИ ЛОИҲА

2. МУТАХАССИС ОИД БА МУҲИТИ ЗИСТ

3. МУТАХАССИСИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ

4. МУТХАССИС ОИД БА РУШДИ ИҶТИМОӢ ВА ГЕНДЕР

5. МУТАХАССИС ОИД БА ИДОРАКУНИИ МОЛИЯ ВА БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба рақамҳои зерин тамос гиред: +992 37 250 32 34 ё почтаи электронӣ: info@mehnat.tj

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 21 сентябри соли 2023 то соати 16:00