Сафари навбатии мо бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Суҳби барвақт як гурӯҳ рӯзноманигорон ба хотири шиносоӣ аз раванди корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз шаҳри Душанбе ба роҳ баромадем. Он вақт офтоб оҳиста-оҳиста аз паси кӯҳҳои осмонбӯс сар боло кардаву нурафшонӣ мекард. Шамоли форами диёр ба димоғ гуворо мерасид. Боду ҳаво бошад ончунон тоза буд, ки ба ҳамаи ҳамсафарони мо хушоянд буду роҳатбахш.
Бо табъи хушу чеҳраи хандон мо роҳро идома додем. Ҳасафарони мо намояндагони ВАО-и кишвар буданд. Онҳо аз шабакаи “Садои Душанбе, телевизиони “Сафина”, нашрияи “Садои мардум, Агентии иттилоотии “Ховар” ва аз дигар шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ҳузур доштанд. Инчунин намоянда аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист низ моро ҳамроҳӣ намуданд. Дар дохили нақлиёт яке бо дигаре аз фаъолияти худ қисса мекард.
Ба ногоҳ ҳама ҷоро хомӯшӣ фаро гирифт. Нафаре аз миёни мо тарона зам-зама кард. Садояш хеле дилнишин буд, ки писанди ҳамагон гардид. Ӯ аслан таронаҳои шодравон Аҳмад Зоҳирро бозхонӣ мекунад. Худ низ чанд сурудеро оҳанг баста, пешкаши ҳаводоронаш намудааст. Агарчӣ дохили нақлиётро овозҳои гуногуну садои шамол пахш мекард, вале бо вуҷуд таронае, ки он нафар зам-зама намуд, моро ба дунёи хаёлот бурд. Дунёи туфулият, овони наврасиву ҷавонӣ, лаҳзаҳоти ширину беғамӣ пеши назар ҷилвагар шуд.
Он нафар Ҷамоллидин Ёқубӣ, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аслан ӯ омӯзгор буда, аз овони хурдсолӣ дар дил ҳаваси зиёд нисбати суруду мусиқӣ доштааст. Ҳар гоҳе тӯю маъракаҳое, ки дар зодгоҳаш мегузаштаанд, ӯ кӯшиш мекардааст, то сурудеро пешкаши мардум намояд. Ҳамон шӯру шавқи ҷавонӣ ӯро нагузошт, ки аз санъат дилканда бошад. Вақте ӯ суруди аввалинро хотима дод, ҳама зиёд хоҳиш карданд, ки таронаи дигареро зам-зама намояд, то ҳамагон дурии роҳро эҳсос накунанд.
Ҳамин тавр таҳти таронаҳои Ҷамолиддин ва бо қиссаву латифаҳои ҷолибу намакин, ёд овардан аз хотираҳои кӯдакӣ ва тамошои табиати афсункори Тоҷикистон роҳро идома додем. Бо гузораи вақт ва тай кардани фосилаи чандин километр ба шаҳри Ваҳдат расидем. Мошинҳои зиёд равуо доштанд. Ҳама пайи кору зиндагӣ. Агарчӣ фасли поиз ҳукумрон аст, вале бо заҳмату талошҳои мардуми заҳматқарину меҳнатдӯсти ин гӯшаи диёр ҳамаҷо сабзу хуррам буд. Мардум бошанд пайи ҷамъоварии ҳосил қарор доштанд. Ду тарафи роҳро дарахтони баландқомату сояафкан зебу зинат мебахшиданд. Инчунин дар ҳар ду тарафи роҳ заминҳои кишоварзии зиёд ба чашм мерасиданд.
Марди деҳқон заҳмати чанд моҳаи худро ҷамъоварӣ мекард, ки ин амали хайрхоҳонаи онҳо аввалан ба буҷаи хонаводаашон замина мегузорад ва баъдан дар фаровонии бозори истеъмолӣ нақши муассир хоҳад гузошт. Чун ҳамаи мо аз суханрониҳои Сарвари муаззами давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон огаҳ ҳастем, пайваста таъкид бар он мекунанд, ки: “Заминҳои бекорхобида ва назди ҳавлигиро самаранок истифода барем, то аз як замин давоми сол ҳосили фаровон ба даст биёрем”. Аз мушоҳидаҳо маълум гардид, ки мардуми меҳнатдӯсти ин гӯшаи диёр таъкидҳои Пешвои миллатро сармашқи кор намуда, дар фаровонии бозори истеъмолӣ нақши муассир мегузоранд.
Шаҳри Ваҳдатро тай кардему ба ноҳияи зархезу хушбоду ҳавои Файзобод расидем. Ба он маконе, ки шахсиятҳои бузург чун шодравон Бозор Собир, Нигина Рауфова, Дӯстмурод Алӣ, Қиёмиддин Чақал, Қурбоналӣ Абдулло ва даҳҳои дигар камол ёфтаву дар ҷомеа хизмати бузургеро анҷом додаанд, ки имрӯз ҳамагон аз хурд то бузург номи эшонро ба некӣ ёд меоранду корнамоиҳояшонро таҳсину оффарин мехонанд.
Дар ниҳоят ба даромадгоҳи шаҳри Роғун расидем. Ба он маконе, ки орзуву ниятҳои андсолаи миллати барӯманди тоҷик амалӣ хоҳад шуд. Ба он ҷойе, ки фарзанди миллати тоҷик баҳри чароғон шудани кулбаҳои ҳар яки мо шабу рӯз ҷонфидоӣ мекунанд. Дар оғӯши кӯҳҳои осмонбӯс ва сарбаафлоккашида дар ҳамаи фаслҳои сол, чӣ сард бошад ва чӣ гарм кор мекунанд, то орзуҳои неки мардуми тоҷикро бароварда намоянд.
Тавре мегӯянд: “ Шунидан кай бувад монанди дидан”. Бале, мо низ ҳайати чанд нафарае, ки дар ин сафар будем, то лаҳзае аз раванди корҳои сохтмонии бачаҳои тоҷик бархӯрдор набудем, дигархел тасаввурот доштем. Чун борҳо тариқи оинаи нилгун рафти корҳои сохтмониро дар Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дида будем, аммо ба назар осону содда вонамуд мешуд. Лекин, вақте аз наздик мебиниву аз рафти корҳо ошноӣ пайдо мекунӣ, баъд хулоса мебарориву ба ҳар яки онҳое, ки дар онҷо кор мекунанд, садҳо санову таҳсину офарин мехонӣ, зеро ҳар нафаре, ки дар ин сангари номус кор мекунад, воқеан қаҳрамон аст.
Бо расидан ба ин макони таърихӣ моро Қурбонназар Давронов, муовини директори истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун истиқбол намуд ва нахуст аз таърихи ин нерӯгоҳ ёдоварӣ намуд.
Сипас, ҳама ба мошин савор шудему вориди нақбҳое, ки онҷо корҳои сохтмонӣ бо маром ҷараён дорад, раҳсипор шудем. Ҳеҷ боварат намеояд, ки андаруни кӯҳҳоро бо виқору сарбаландӣ ва қувваю бозувони пурқудрат сурох намуда, роҳ кушодаанд. Ҳамаи он корҳоро фарзандони фарзонаи тоҷик ба субут расониданд, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Дар идома роҳбалади мо Қурбонназар Давронов, муовини директори истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” гуфт, ки “Нерӯгоҳ аз чор лот, яъне аз чор қисмат иборат мебошад, ки дар ҳар лоти он мутахассисон дар алоҳидагӣ корҳои ба зиммадоштаи худро ба анҷом хоҳанд расонид:”
Ҳамин тавр аз раванди корҳои сохтмонии ҳар як қисматҳои он аз наздик шиносоӣ пайдо кардем. Дар ниҳоят ба қисмати охири он расидем, ки онро бинои “мошинҳо” ном мебурдаанд. Роҳбалади мо Қурбонназар Давронов, муовини директори истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун афзуд, ки “баъд аз пурра анҷом ёфтани тамоми агрегатҳои нерӯгоҳи мазкур қувваи барқ тариқи бинои мазкур истеҳсол мегардад”.
Баъд аз сафари хотирмоне, ки дар шаҳри таърихии Роғун доштем, бо тамошои манзараҳои дилфиреби диёр ба Душанбеи азиз баргаштем.
Ҳар нафаре, ки ба ин макони таърихӣ сафар карда, бо чашмони худ аз рафти корҳои сохтмонии Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дидан мекунад, он гоҳ хулоса бароварда метавонад, ки кор дар ин майдон бо чи ҷӯшу хурӯше ҷараён дорад. Воқеан, фарзонафарзандони миллат бо талошҳои хастанозир, азму иродаи қавӣ баҳри бунёди “Кохи нур” заҳмати шабонарӯзӣ мекашанд. Бо дидаҳову мушоҳидаҳои худ хулоса бароварданамон мумкин аст, ки дар солҳои наздик 6 чархаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун бунёд ёфта, рушду пештарфти бесобиқаро шоҳид хоҳем буд. Ҳамзамон ҳар яки онҳое, ки дар сохтмони ин нерӯгоҳи “Аср” саҳм доранд, номашон дар саҳфаҳои таърихӣ бо ҳарфҳои зарин ҳаккокӣ хоҳанд гардид.
КОМРОНИ АБДУВАЛӢ
радиои “Тоҷикистон”