Вақти баргузоршавии бозии «Истиқлол» бо «Ал-Дуҳайл» маълум гардид

Бозии даври аввали марҳалаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои AFC-2023/24 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар рӯзи сешанбеи 19-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе соати 21:00 оғоз мегардад. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе иттилоъ додааст.

Бошгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе тибқи қуръакашии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар гурӯҳи «E» бо дастаҳои «Персеполис»-и Эрон, «Ал-Дуҳайл»-и Қатар ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ рақобат мекунад.

Бояд қайд намоем, бархе аз ситораҳои футболи ҷаҳонӣ, ки дар ҳайати бошгоҳҳои Арабистони Саудӣ, Эрон ва Қатар ҳунарнамоӣ мекунанд, барои бозӣ муқобили «Истиқлол» ба Душанбе хоҳанд омад. Миёни ин ситораҳои номошноӣ сайёра ҳамлагари португалӣ – Криштиану Роналду низ мебошад, ки ба ҳайати «Ал-Наср» шомил аст.

Ёдовар мешавем, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони 5-гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро дар гурӯҳҳо касб мекунанд, дар маҷмуъ 16-даста ба даври 1/8 финали мусобиқа роҳ пайдо мекунанд.