Имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи маркаҳои почтавӣ барои Нишасти панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин мулоқоти сарони давлатҳои муассиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал (IFAS) баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Содиқ Имомӣ, муовини Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Атоев Илҳомҷон, раиси Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода ва намояндагони кишварҳои Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок намуда, маркаҳои почтавӣ барои нишасти панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин мулоқоти сарони давлатҳои муассиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал (IFAS)-ро муҳгузорӣ намуданд.
Ин маркаҳо аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Марка»-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ тасдиқ гардидаанд. Бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳи кории мутахассисон таъсис дода шуда буд, ки онҳоро такмил дода, ба чоп пешниҳод намуданд.
Ин маркаҳои почтавии ҷашнӣ аз панҷ марка ва купон иборатанд. Ҳар як маркаи почта ба як сарвари бишвари Осиёи Марказӣ бахшида шуда, бо тасвири парчамҳои ин давлатҳо тасвир шудааст. Дар болои он логотип низ мавҷуд аст. Дар баробари ин лифофаҳои вижаи ҷашнӣ ба чорабинии мазкур омода шудаанд, ки имрӯз нусхаҳои он мӯҳр гузошта шуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14-15 сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе 5-умин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин мулоқоти сарони давлатҳои муассисони Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал ( IFAS), баргузор мегардад. Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи пуршараф дастур дода буд, ки маркаҳои хотиравии почта ба муомилот бароварда шавад.
Фирдавси Низом
радиои “Тоҷикистон”