Тими олимпии Тоҷикистон (U-23) фардо 9-сентябр дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо Лаос бозӣ мекунад

Фардо, 9-сентябр дар Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-23) дар гурӯҳи «I» баргузор мешавад.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) зери роҳбарии Мубин Эргашев бо тими Лаос дидор анҷом медиҳад. Ёдовар мешавем, ки дар оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 футболбозони Лаос аз тими Австралия бо натиҷаи (1:7) шикаст хӯрд.

Вохӯрии ин тимҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.