ИСТИҚЛОЛИЯТ – НИШОНИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ

Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, симои бақои миллат, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон аст.

                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият воқеаи бузургест, ки дар таърихи навини мо ҳамто надорад ва мо маҳз бо шарофати он ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем. Ҳар қадар, ки вақт моро аз ин санаи тақдирсоз дур мебарад, ҳамон қадар аҳамияти бузурги таърихиву сарнавиштсози он  барои давлату халқи Тоҷикистон бештар аён мегардад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки рушд ва давлатдории навину Истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, якпорчагии он, ваҳдати миллӣ, таҳкими сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ кардани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ аз истиқлолият ибтидо мегиранд.

Тоҷикистон роҳи рушди худро на ба сӯйи гузаштаи асримиёнагӣ, балки бо иродаву эътимоди бузург ба сӯйи фардои ободу осуда мегузорад. Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе дорад. Дар таърихи навин аз нигоҳи мо, волотарин дастоварди мардуми шарафманди тоҷик соҳиб шудан ба истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ гардид.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гуруҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва ба мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин бо роҳи раъйпурсии умумихалқи қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар бобати озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шудаанд.

  Дар ҳақиқат истиқлолият поягузори оғози таърихи навин ва сарнавиштсози кишвари тоҷикон мебошад. Бо эълони истиқлолияти кишвар саҳифаи нави таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд оғоз мегардад. Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр, сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро барои ояндаҳои дуру наздик тарҳрезӣ намуда, чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯи ҳадафҳои дурнамои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ устуворона пеш меравад.

  Зина ба зина пеш рафтан ва пойдевори ояндаро аз имрӯз гузоштан – ин амри замон ва тақозои асри нав аст. Зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои мутамаддини олам дар асри инқилоби илмиву техникӣ  бо суръати кайҳонӣ пеш мераванд.

  Дар ин ҷаҳони пур аз тазоду рақобатҳои шадиди глобалӣ тақдири имрӯзу ояндаи худро дар даст доштан, истиқлолияти комилу давлатдории миллиро ҳифз намудан, амнияти мамлакату оромии ҷомеаро таъмин кардан ва манфиатҳои миллатро пуштибонӣ карда тавонистан аз Тоҷикистониён иҷрои корҳои бузургу барномаҳои стратегиро барои даҳсолаҳои дигар тақозо менамояд.

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин даставарди давлату давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст, ки нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шўравӣ арзи ҳастӣ намуда, ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта сабзид, ба камол расид ва ташаккул ёфт.

Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ  дар раванди риоя, ҳифз, ҳимоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва амалисозии уҳдадориҳои байналмиллалии Тоҷикистон Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардўстӣ, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон (соли 2002),  Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кўдак (соли 2001), Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон (соли 2005) таъсис дода шуданд.

Аксарияти санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон, аз он ҷумла Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (соли 1999), Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (соли 1999), Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ (соли 1995), Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон (соли 1993), Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ѓайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф (соли 1995), Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдак (соли 1993),  Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо (соли 2002) ва дигарҳо ба тасвиб расиданд.

Тавассути ба тасвибрасонии санадҳои байналмилалӣ ва эътирофи онҳо ба ҳайси қисми таркибии низоми ҳуқуқӣ,  Тоҷикистон ба саҳнаи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ворид гардид. 

Ҳамаи ин тадбирҳо  ба вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷумҳурӣ таъсири мусбӣ расонида истодааст. Ҳуқуқ ба ҳаёт дар сатри аввали ҳамаи ҳуқуқҳои асосии инсон меистад. Аз 30 апрели соли 2004  дар Тоҷикистон ба иҷрои ҳукми қатл мораторий эълон гардида, аз 15 июли соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонида шудааст, ки мувофиқи он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи ҷазои қатл боз дошта шудааст. Оид ба  мавҷудияти  минбаъдаи ҷазои  қатл дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз соли 2010 гуруҳи кории ҳукуматӣ амал карда истодааст. Ҷиҳати пурзӯр кардани мубориза бо шиканҷа аз соли 2012 дар қонунгузории ҷиноии миллӣ моддаи алоҳида пешбинӣ гардида, барои беҳтар кардани вазъи ҳуқуқ ба ибрози ақида ва озодии сухан аз Кодекси ҷиноятӣ муқаррарот дар барои ҷавобгарии ҷиноятӣ барои тӯҳмат ва таҳқир бардошта шудааст.

Ин ҳама муваффақиятҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд самараи Истиқлолияти давлатӣ мебошад.                        Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Имрўз Тоҷикистони азиз 32 – соли Истиқлолияти давлатии худро сипарӣ намуд. Мардуми мо ҳанўз аз бомдоди таърих мардуми соҳибватан ва давлатсоз буда, ниёгони арҷманди мо дар оѓоз ва саргаҳи давлатдорӣ қарор доштанд ва намунаҳои нахустини ҷомеаҳои мутамарказ ва давлатҳои муқтадири таърихиро барои башарият эҳдо карданд, аммо дар натиҷаи тохтутозҳои пайдарҳами аҷнабиён ва пирўзии дарозмуддати тирагӣ ба равшанӣ мардуми тоҷик як муддати тўлонӣ аз идоракунии мустақилонаи давлатдории худ маҳрум монд. Муҳимтарин  дастоварду комёбие, ки мо дар 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон касб намудем, аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад.

    Чист Истиқлолият?

    Сарбаландиву сарафрозӣ ба ҷон,

    Қадри худ бишнохтан то ҷовидон.

    Қасри бунёди саодатмандӣ аст,

    Нахли ширин меваи пайвандӣ аст.

                                              Сайфидинзода Гулафзо Сайфидин,

                                              устоди кафедраи ҳуқуқи

                                                    граждании Донишкадаи такмили

                                                    ихтисоси Вазорати адлияи

                                                    Ҷумҳурии Тоҷикистон