Муштзанони Тоҷикистон дар ҳайати 13-варзишгар (7-мард ва 6-зан) дар Бозиҳои XIX Осиёӣ иштирок мекунанд. Мусобиқа аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар шаҳри Ҳанжоуи Чин баргузор мешавад.
Тибқи иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, дар рақобатҳо миёни мардон Меҳрон Шафиев (-51кг), Асрор Воҳидов (-57кг), Баҳодур Усмонов (-63,5 кг), Довуд Маҳкамов (-71кг), Шаббос Неъматуллоев (-80кг), Давлат Болтаев (-92кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92кг) рақобат хоҳанд кард.
Миёни занон бошад Рӯҳафзо Ҳақназарова (-50кг), Нигора Олимова (-54кг), Миҷгона Самадова (-57кг), Бибинишастамоҳ Холова (-60кг), Шоира Зулқайнарова (-66кг) ва Меҳриноз Музаффарзода (-75кг) ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар Бозиҳои XIX Осиёӣ дар Ҳанжоуи Чин беш аз 100-варзишгари тоҷик ширкат хоҳанд кард.
Ба барномаи бозиҳо 40-намуди варзиш (28-намуди олимпӣ ва 12-намуди ғайриолимпӣ) дохил шудааст. Иштироки варзишгарони тоҷик дар риштаҳои ҷудо, бокс, варзиши сабук, гуштини тарзи озод ва юнонию римӣ, вазнабардорӣ, шиноварӣ, камонварӣ, тирандозӣ, таэквондо, каратэ, кураш ва шоҳмот дар назар аст.