Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Фестивали донишҷӯёни варзишгар, ки аз 19-ум то 31-август дар шаҳри Екатеринбурги Россия баргузор гардид, баъди натиҷагирӣ бо касби 11-медал (4-тилло, 1-нуқра ва 6-биринҷӣ) дар ҷойи 8-ум қарор гирифт.
Варзишгарони тоҷик аз риштаи бокс 8-медал (3-тилло, 1-нуқра ва 4-биринҷӣ) ба даст оварданд. Миёни ин варзишгарон Миҷгона Самадова миёни занон дар дар вазни -57кг, Абубакр Муродзода (-60кг) ва Абдумалик Болтаев (-80 кг) – байни мардон медалҳои тиллоро соҳиб шуданд. Расул Аҳадов (-67 кг) медали нуқраро ба гардан овехт.
Муштзанони дигари тоҷик Дилдода Осақолова дар вазни -54 кг миёни занон, Шоҳин Ҳикматов (-63,3кг), Диёр Султонов (-75кг) ва Толиб Расулов (-86кг) миёни мардон бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Ҷудокори шинохтаи кишвар Абубакр Шеров дар вазни -73кг ба гирифтани медали тилло даст ёфт. Варзишгарони тоҷик аз риштаи ҷудо дар ҳисоби даставӣ соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Медали 6-уми биринҷиро Субҳон Мирзомуродзода дар риштаи самбо дар вазни -79кг соҳиб шуд.
Мавқеи дастаҳо баъди натиҷагирии 12-рӯзи мусобиқа:
- Русия – 142-тилло, 136-нуқра, 197-биринҷӣ
- Чин – 10, 8, 6.
- Бразилия – 6, 7, 9.
- Эрон – 5, 4, 13.
- Куба – 5, 3, 5.
- Озарбойҷон – 4, 7, 15.
- Қирғизистон – 4, 7, 3.
- Тоҷикистон – 4, 1, 6.
- Ӯзбекистон – 3, 3, 5.
- Арманистон – 3, 1, 3.
- Қазоқистон – 2, 1, 5.
- Баҳрайн – 2, 0, 3.
- Беларус – 1, 6, 9.
14 Венесуэла – 1, 4, 2. - Муғулистон – 1, 1, 8.
- Ветнам – 0, 3, 2.
17-18. Ироқ, Сербия – 0, 0, 2.
19-22. Аргентина, Ҳиндустон, Мексика, Сурия – 0, 0, 1