Рақибони ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи Hungary Masters 2023 муайян гардиданд

Нимаи дуюми рӯзи 3-август дар пойтахти Маҷористон шаҳри Будапешт, қуръакашии мусобиқаи Hungary Masters 2023 баргузор шуд.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ҷиҳати иштирок дар ин мусобиқа 420-варзишгар (217-мард ва 203-зан) аз 59-кишвари ҷаҳон номнавис гардидаанд.

Тибқи низомнома дар ин мусобиқа варзишгароне иштирок карда метавонанд, ки дар радабандии ҷахонӣ дар рейтинг то зинаи 38-ум ҷойгир бошанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа варзишгарони зерин намояндагӣ мекунанд.

Эмомалии Нуралӣ (-66кг)
Обид Ҷебов (-66 кг)
Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг)
Короншоҳи Устопириён (-90кг)
Темур Раҳимов (+100кг).

Мусобиқаи Hungary Masters 2023 дар доираи мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо ҷоизапулии арзишманд қадрдонӣ мегарданд.

Фонди умумии мусобиқа 196-ҳазор евроро ташкил медиҳад. Дар сабқатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи вазнҳо 6000 евро, ба барандагони медали нуқра 4000 евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 2000 евро тақдим мегардад.

Инчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар радабандии ҷахонӣ ва олимпӣ соҳиби имтиёз мешаванд. Аз ҷумла ғолибон 1800-имтиёз, барандагони медали нуқра 1260-имтиёз ва барандагони медали биринҷӣ 900-имтиёз ба даст меоранд.

Мусобиқаи Hungary Masters 2023 имрӯз, 4-уми август бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон ва дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон оғоз мегардад. Дар рӯзи дуюми мусобиқа 5-уми август мардҳо дар вазнҳои -73кг, -81кг ва бонувон дар вазнҳои -63кг, -70кг қувваозмоӣ мекунанд. Рӯзи 6-уми август, дар рӯзи ниҳоии мусобиқа бошад мардҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг ва бонувон дар вазнҳои -78кг, +78кг сабқат менамоянд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа Эмомалии Нуралӣ ва Обид Ҷебов ҳарду дар вазни то 66кг кишвари моро муаррифгар мебошанд. Эмомалии Нуралӣ дар рақобати аввалинаш бо Важа Маргвелашвили аз Гурҷистон ва Обид Ҷебов бо Буба Дайкии аз Фаронса сабқат менамоянд.

Ҷудокори шинохтаи кишвар Беҳрӯз Хоҷазода бошад дар рӯзи дуюми мусобиқа Тоҷикистонро дар вазни -73кг намояндагӣ мекунад. Ӯ дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ҷудокори шинохтаи итолявӣ Мануел Ломбардо рӯи татамӣ мебарояд.

Дар рӯзи охири мусобиқаи Hungary Masters 2023 Комроншоҳи Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд. Комроншоҳ рақобатро бо Ван т Энд Ноел аз Нидерландия оғоз намуда, Темур Раҳимов дар даври аввал озод мебошад. Темур дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Ҷамол Ғамзатхонов (Озарбойҷон) / Ҷелле Сниппе (Нидерландия) сабқатро идома медиҳад.

Бояд қайд намоем, ки ҷудокори шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков (-81кг) бo далели мушкилии раводид натавонист ба Маҷористон сафар кунад ва дар мусобиқаи HUNGARY MASTERS 2023 иштирок карда наметавонад.