Рақибони тими мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муайян гардиданд

Тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «G» бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Урдун ва ғолиби ҷуфти даври аввали интихобӣ миёни дастаҳои Камбоҷа – Покистон рақобат мекунад.

Дар марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё 36-даста бо ҳам мубориза мебаранд. Дастаҳо аз 16-ноябри соли 2023 то 11-июни соли 2024 6-бозӣ анҷом медиҳанд.

Пас аз ҷамъбасти даври дуюми интихобӣ ғолибони 9-гурӯҳ ва дастаҳое, ки дар гурӯҳашон ҷойҳои дуюмро мегиранд, муборизаро дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 идома дода, ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисмати финалии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд.

Қуръакашии даври сеюми Ҷоми ҷаҳон-2026 соли 2024 баргузор мешавад. Аз рӯи натиҷа 18-даста ба се гурӯҳ тақсим мегардад. Пас аз натиҷагирии даври сеюм ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 мешавад. Боз ду иштирокчии мустақими дигар аз Осиё дар даври 4-уми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муайян карда мешавад ва як роҳхати дигари эҳтимолӣ тавассути плей-оффи байниқитъавӣ муайян карда мешавад.

Дастаҳое, ки дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 ҷойҳои 3-юм ва 4-умро соҳиб мешаванд, ба даври сеюм ва ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 роҳ меёбанд.

Натиҷаи қуръакашии даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026:

Гурӯҳи «А»: Қатар, Ҳиндустон, Кувайт, ғолиби ҷуфти Афғонистон – Муғулистон.

Гурӯҳи «В»: Ҷопон, Сурия, Кореяи Шимолӣ, ғолиби ҷуфти Мянмар – Макао.

Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Тайланд, ғолиби ҷуфти Сингапур – Гуам.

Гурӯҳи «D»: Уммон, Қирғизистон, Малайзия, ғолиби ҷуфти Тайбейи Чин – Тимори Шарқӣ.

Гурӯҳи «E»: Эрон, Ӯзбекистон, Туркманистон, ғолиби ҷуфти Ҳонконг – Бутан.

Гурӯҳи «F»: Ироқ, Ветнам, Филиппин, ғолиби ҷуфти Индонезия – Бруней.

Гурӯҳи «G»: Арабистони Саудӣ, Урдун, Тоҷикистон, ғолиби ҷуфти Камбоҷа – Покистон.

Гурӯҳи «H»: АМА, Баҳрайн, ғолиби ҷуфти Яман – Шри-Ланка, ғолиби ҷуфти Непал – Лаос.

Гурӯҳи «I»: Австралия, Фаластин, Лубнон, ғолиби ҷуфти Малдив – Бангладеш.