Қаҳрамони бисёркаратаи мамлакат ҷамъомади таълимию омузишиашро дар кишвари Ӯзбекистон ба анҷом расонид.
Дар рӯзи охири ҷамъомади таълими дастаи «Истиқлол» бо пешсафи Суперлигаи Ӯзбекистон дастаи «Пахтакор» бозии дӯстона анҷом дод. Вохӯрии дастаҳои дар Варзишгоҳи «Пахтакор» доир гардида, бо ҳисоби 2:1 бар суди меҳмонон ба анҷом расид.
Голҳои ғалабаовари бошгоҳи «Истиқлол»-ро Артур Карташиян (дар дақиқаи 31-ум аз пеналтӣ) ва Сенин Себай (дар дақиқаи 78-ум) ба самар расониданд.