Имрӯз, 24-уми июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бозиҳои даври дуюми мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» баргузор мешаванд.
Дар ин давр дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими миллии Туркманистон рақобат мекунад. Вохӯрии дастаҳои соати 20:00 оғоз мешавад.
Инчунин, дар ин рӯз дар даври дуюми бозиҳои мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» боз ду рақобати дигар сурат мегирад. Соати 14:00 тимҳои миллии Эрон ва Қирғизистон вомехӯранд. Сипас соати 17:00 вохӯрии дастаҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон ба нақша гирифта шудааст.