Довари тоҷик – Сайёдҷон Зайниддинов бозии даври муқаддамотии Ҷоми КФО-2023/24-ро ҳакамӣ мекунад

Сайёдҷон Зайниддинов – довари 35-сола аз Тоҷикистон бозии Ҷоми КФО-2023/24-ро доварӣ мекунад.

Довари тоҷик бозии даври муқаддамотии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи Ҷанубӣ байни дастаҳои «Абаҳани Лимитед» (Бангладеш) ва «Клаб Иглз» (Малдив)-ро ҳакамӣ менамояд. Бозӣ миёни ин дастаҳо рӯзи 15-август дар шаҳри Силҳети Бангладеш баргузор мешавад.

Ба Сайёдҷон Зайниддинов – ёварони довари ФИФА аз Тоҷикистон Исмоил Нуралиев ва Фарҳод Куралов кӯмак мерасонанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Дайирбек Абдилдаев аз Қирғизистон иҷро мекунад. Холид Ҷосим Халифа Ал-Доуҳӣ Ал-Сенъонӣ аз Амороти Муттаҳидаи Араб кори ҳайати доваронро назорат намуда, Михаил Толкачев аз Қирғизистон комиссари ин рақобат таъйин гардидааст.