Хонандаи тоҷик сазовори стипендияи Ҳукумати Венгрия гардид

Хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Восеъ Масрур Давлатзода ғолиби стипендияи ҳукумати Венгрия (Stipendium Hungaricum Scholarship ) гардид. Дар ин хусус устоди ӯ Ҷамолиддин Фаттоев иттилоъ дод.

Хонандаи мазкур тариқи озмун, ки аз фанни англисӣ доир шуд, сазовори ҷоиза гардид. Хароҷоти стипендия беш аз 50 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, гирандаи он имкон дорад мудати 4 сол ба таври ройгон дар яке аз донишгоҳҳои олии Венгрия таҳсил кунад.

Ба иттилои манбаъ, хонандаи дигари ноҳия Омина Худойқулова дар Олимпиадаи байналмилалии TeenEagle аз фанни забони англисӣ байни 55 давлати дунё иштирок намуда, соҳиби медали нуқра гардид.

«Олимпиадаи мазкур аз 18 то 25 июн дар шахри Лондони Британияи Кабир доир шуда, ҷоизасупории он рӯзи 24 июн дар донишгоҳи Кембриҷи Британияи Кабир баргузор гардид», -гуфт Ҷамолиддин Фаттоев.

Ёдовар мешавем, ки Омина Худойқулова хонандаи синфи 8-и Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Восеъ соли 2022 низ дар Олимпиадаи байналмилалии Teeneagle ONLINE аз фанни забони англисӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардида буд.