Санаи 30 июни соли 2023 маросими баимзорасонии Созишнома оид ба маблағгузорӣ (лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат») байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд баргузор гардидааст.
Тавре сомонаи расмии Вазорати молия хабар додааст, созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон – ҷаноби Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.
Ҳадафи асосии лоиҳа ин баланд бардоштани сифати шароити таълимдиҳӣ ва муҳити таълим дар мактабҳои алоҳидаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.
Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 38,1 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил дода, он ба 50,0 млн доллари амрикоӣ баробар буда, пурра маблағҳои грантӣ мебошад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур аз соли 2023 оғоз ёфта, санаи анҷомёбии он соли 2029 дар назар аст.
Ҳамзамон, худи ҳамин рӯз баимзорасонии Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва Созишномаи грантӣ (Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (Фонди бисёрҷонибаи донории трастии Фонди глобалии маблағгузорӣ барои занон, кӯдакон ва наврасон) сурат гирифт.
Созишномаҳои мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон – ҷаноби Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.
Ҳадафи лоиҳа ин дастгирии грантгиранда ҷиҳати ҳифзи хонаводаҳои камбизоат ва осебпазир аз зарбаҳо, мусоидат ба ҳамгироии иқтисодӣ ва беҳтар намудани шабакаҳои амнияти иҷтимоӣ мебошад.
Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 37,5 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки 35,0 млн доллари он аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва 2,5 млн доллари он аз ҳисоби гранти Фонди бисёрҷонибаи донории трастии Фонди глобалии маблағгузорӣ барои занон, кӯдакон ва наврасон маблағгузорӣ мегардад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур аз соли 2023 оғоз ёфта, санаи анҷомёбии он соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.