Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 30 -уми солонаи Ассамблеяи Парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Ванкувери Канада иштирок доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон хабар додааст.
Ҷаласаи мазкур аз 30 июн то 4 июли соли равон дар шаҳри Ванкувери Канада идома ёфта, дар он Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Парвини Маликзод иштирок доранд.
Дар рӯзномаи ҷаласаи солона «Таҳкими амнияти минтақавӣ тавассути рушди ҷомеаҳои демократӣ ва фарогир: нақши Ассамблеяи Парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сипас ҷаласаҳои Маҷлиси Комитети генералии оид ба масъалаҳои сиёсй ва амният, Кумитаи генералӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, илм, технология ва муҳити зист, Кумитаи генералӣ оид ба демократия, ҳуқуқи инсон, масъалаҳои башардӯстона баргузор гардид.
Дар хотима маърузаҳои раиси Кумитаи махсус оид ба муҳоҷират, раиси комитети махсус оид ба муборизаи зидди терроризм ва ҳисобот дар бораи фаъолияти Ассамблеяи Парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо шунида шуд.