Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва тезу тунд гардидани вазъи ҷаҳон ҳар як сарбози Ватанро зарур аст, ки зиракиву далериро аз даст надода, баҳри ҳимояи хоки муқаддаси давлати соҳибистиқлоламон ҳамаҷониба омода бошад. Чунин иброз намуд муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни мулоқот бо сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ дар шаҳри Хоруғ. Дар ин бора аз маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар доданд.
Ҳамзамон муовини Сарвазир афсарону сарбозонро бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, иброз дошт, ки ғамҳориҳои рӯзафзуни Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як сарбозу афсар нерӯи тоза бахшида, ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҳар яке аз онҳо бояд чун фарзанди шоистаи Ватан хизмати ҳарбиро софдилона ба ҷо оранду ба савганди ҳарбӣ содиқ бошанд.
Таъкид гардид, ки хизмат ба Ватан ин ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа барои зиндагии осудаи наслҳои оянда ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мактаби ҳаёт, дарси ҷавонмардиву ҷасорат аст. Чунин мафҳумро бархе аз ҷавонони далеру ҷасур ва ватанпарасту хештаншинос дарк намуда, софдилона дар артиш хизмат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 16 то 23 июни соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон чорабиниҳои илмиву маърифатӣ, фарҳангиву зеҳнӣ, тандурустиву варзишӣ ва суҳбату вохўриҳо бо сокинон таҳти унвони «Тоҷикистон ягона-Бадахшон нигини он» доир гардиданд.