Дар шаҳри Хоруғ Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Тоҷикистон ягона–Бадахшон нигини он” баргузор шуд

Имрӯз бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори театри мусиқию мазҳакави ба номи М.Назарови шаҳри Хоруғ Конференсияи илмӣ –амалӣ таҳти унвони “ Тоҷикистон ягона – Бадахшон нигини он” баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон, муовини якуми раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон Нураҳмад, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зубайдулло, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, мудири шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллои Раҳнамо ва дигар шахсон иштирок намуданд.

Конференсияро муовини якуми раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон Нураҳмад ифтитоҳ намуда, табрикоти раиси вилоятро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба саҳми ҳозирин расонд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон аз аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ, нақши сулҳи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ, саҳм ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони имрӯза, рушду пешрафт ва нумуи он дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ибрози назар кард.

Гуфта шуд, ки дар заминаи сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба таври бесобиқа рушд намуда, дар ин росто Бадахшон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи он симои худро куллан дигаргун намуд.

Дар ҷараёни ҳамоиш Сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зубайдулло, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, мудири шуъбаи иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллои Раҳнамо, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Комилбек Амид Ёрбек ва директори осорхонаи вилоят Хушомади Алидод доир ба мавзуи конференсия табодули назар намуданд.