Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар, аз ҷумла сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, тамдиди қонуни авф ва қонунигардонии дороӣ ва маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, гармои шадид ва норасоии ҳавзҳои оббозӣ дар бархе манотиқи кишвар ва мушкилоти пратовҳои пластикӣ дар Тоҷикистон матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 21 июн мақолае бо номи “Тиргон. Эҳёи дигарбораи ҷашни миллӣ” чоп карда, менависад, ки агар ҷашни Сада марбут ба зимистон бошад, Наврӯз иди баҳорӣ ва Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта шавад, пас, Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони орёӣ аст, ки мутобиқи тақвими григорианӣ рӯзи баргузориашро 1 июл ҳисобидаанд.
Муаллиф изҳори умедворӣ кардааст, ки дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Сада Тиргон ва дигар ҷашнҳои фаромӯшшуда эҳё гардида ва дар сатҳи хуб таҷлил шуда, мо бояд ин ҷашнҳоро ба ягон дин мансуб надониста, ҳамчун ҷашнҳои миллии хеш таҷлил намоем.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 19 июн мақолае бо номи «Омӯзгор намерасад. Чӣ бояд кард?» чоп карда, дар он масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар соҳаи маорифи кишварро матраҳ кардааст. Муаллиф, ки ба ҳолати моҳи октябри соли 2022 дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 3539 омӯзгор намерасид.
Ба гуфтаи муаллиф таҳлили оморҳо нишон медиҳад, ки тайи се соли охир дар муассисаҳои таълимии кишвар 4117 омӯзгор кам гардидааст, ки ин ҳолат чанд мушкилоти дигар, аз ҷумла ба ҳайси омӯзгор фаъолият намудани донишҷӯён, афзудани сафи омӯзгорони ғайриихтисосу ғайрифаннӣ ва коҳиш ёфтани сатҳи донишазхудкунии хонандагонро ба бор овардааст.
Ба иттилои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, соли таҳсили 2022-2023 шумораи донишҷӯёне, ки ҳамчун омӯзгор дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд, 1814 кас аст. Инчунин, 6444 омӯзгори ғайриихтисоси фаннӣ ва 1204 омӯзгори ғайриихтисос фаъолияти омӯзгорӣ доранд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар матлаби дигаре дар шумораи рӯзи 19 июн бо такя ба маълумоти Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар дод, соли гузашта дар кишвар расман 13876 оила аз ҳам пош хӯрдааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 162 адад зиёд мебошад.
Дар баробари ин дар чор моҳи соли равон дар Тоҷикистон 3962 ақди никоҳ бекор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 1173 адад кам аст. Ба гуфтаи муаллиф, тибқи натиҷаи таҳлилҳо, хушунат яке аз омилҳои маъмулии ҷудошавии оилаҳо маҳсуб меёбад.
Дар ин мақола зикр мешавад, ки дар назди Кумитаи кор бо занон ва оила як сол боз Маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила фаъолият дорад. Дар ин марказ равоншиносон ва ҳуқуқшиносон шабонарӯзӣ тариқи телефони ройгон ба ашхоси корафтода машварат мекунанд.
Соли 2022 ба маркази мазкур 1621 нафар муроҷиат намуда, ин рақам дар 3 моҳи соли равон 586 нафарро ташкил намудааст, ки бо 357 нафар тавассути телефон ва бо 229 нафар суҳбати рӯ ба рӯ анҷом дода шуд. Ба Марказ одамон бо ҳолатҳои гуногун, аз қабили зӯроварӣ, тақсими амвол ё мерос ва ғайраҳо муроҷиат намуда, маслиҳату машварат мегиранд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 21 июн хабар дод, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон амали қонун «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», онро барои шаш моҳи дигар тамдид карда шуд. Гуфта мешавад, ки тағйироти мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.
Ҳадафи қонуни мазкур ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмини шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба иқтисоди миллӣ ва фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ унвон шудааст.
Дар ин замина таъкид мешавад, ки таҳким ва ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ, ки имрӯз асоси бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон, яъне 70 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва 80 дарсади даромадҳои буҷети давлатиро таъмин менамояд, иқдоми муҳим аст.
Аз сӯи дигар зикр мешавад, ки тибқи таҳлилҳо дар соли ҷорӣ маблағи умумии тибқи Қонуни зикршуда ба Тоҷикистон воридшуда, нисбат ба соли 2022, ба андозаи 5,5 маротиба зиёд шуда, ба 4 миллирад сомонӣ расидааст. Аз маблағи умумии дар ин давра қонунигардонидашуда, 42,3 дарсадро маблағҳои аз ҳисоби сармоягузорӣ воридшуда ташкил додааст.
Нашрияи “Ҷаҳони пайём” дар шумораи рӯзи 21 июн хабар дод, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи телевизион ва радио телевизионӣ таълимӣ таъсис ва роҳандозӣ шуд. Дар ин матлаб таъкид мешавад, ки таъсиси телевизиони таълимӣ имкон медиҳад то донишҷӯёни факултаи журналистика технологияҳои омода кардани барномаҳои телевизиониро дар амал таҷриба карда, ҳамчун кадрҳои омода барои кор дар шабакаҳои телевизионӣ ҷалб шаванд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 21 июн матлабе бо номи “Беобӣ дар Зафаробод” чоп кардаааст, ки дар он деҳқонони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд аз норасоии шадиди оби полезӣ шикоят доранд. Яке аз деҳқонони ноҳия аз ҷумла зикр кардааст, ки бо душвориҳои зиёд заминро шудгор карда, нурӣ пошиданд, вале ҳамаи ҳосил аз беобӣ нобуд шуд.
Дар ҳамин ҳол Аминҷон Абдуллоев сардори раёстаи обёрии вилояти Суғд гуфтааст, ки пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Зафаробод солҳои 1960 сохта шуда, айни замон фарсуда шудаанд. Ин дар ҳолест, ки замони шуравӣ деҳқонони ноҳияи Зафаробод 60 ҳазор тонна пахта ҳосил мегирифтанд. Аммо соли гузашта ҳосили пахта дар ин ноҳия ҳамагӣ 30,5 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 22 июн бо нашри мақолае мушкилоти партовҳои пластикӣ дар Тоҷикистон матраҳ кардааст.
Муаллиф дар ин замина навиштааст, ки дар Тоҷикситон маълумоти дақиқ дар мавриди ҳаҷми партовҳои пластикӣ вуҷуд надорад. Аммо фурӯши маҳсулоти пластикӣ ва қуттиҳо тайи солҳои охир дар кишвар афзоиш ёфта, дар пайи он партовҳои пластикӣ низ дар шаҳрҳо зиёд мешавад. Аз сӯи дигар гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҷудогонаи партовҳо вуҷуд надорад ва ҳамаи намуди партовҳо якҷо ба истиллоҳ гӯронида мешаванд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”