“Майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ ва хиради азалии миллати фарҳангсолори тоҷик, тафаккури созандаву руҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ буданд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Чист миллат?-Ваҳдати дунёи мост,
Дўши мо, имрўзи мо, фардои мост.
Аз саводаш дидаи мо равшан аст,
Дар ҳисораш ҳастии мо эман аст.
Ваҳдати миллат бақои миллат аст,
Устувор аз муддаои миллат аст.
Рустами Ваҳҳоб
Мақсад аз таҷлили ҳарсолаи Рўзи мубораки Ваҳдати миллӣ он аст, ки мо бояд он рўзҳои мудҳишро, гиряҳои талхи модаронро, ашки ҷигарсўзи падаронро, навҳаи ҷонгудози тифлаконро, азияту сарсониҳои фирориёнро ҳаргиз фаромўш накунем, дигар бо содадилию зудбоварӣ фирефтаи фитнаҳои душманони бадандеш нашавем, ҳамеша ҳушёру бедор бошем, то ки ягон каҷманише, бадниҳоде ҷуръат накунад ба ваҳдати муқаддасамон халал ворид намояд, ҳамеша аз сиёсати инсонпарваронаю ояндасозонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорию дифоъ кунем, ки мехоҳад ва метавонад сарзамини ободи моро боз бештар ободтар кунад ва дар ҳамдастӣ бо ҳар як ҳамватан ҳамрадифи мамлакатҳои мутараққии олам қарор диҳад.
Маҳз ҷасорату матонату заковати худододаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар он ҷанги таҳмилӣ, набарди эҳсосоти сиёсӣ ақлу хирад бар ҷаҳлу эҳсосот пирўз гардид. Вуруди ин абармарди таърих ба арсаи сиёсат на фақат зарурати таърихӣ, балки атои яздонӣ ба мост ва чунин мардони майдони матонату заковатро Офаридгор на ба ҳар миллате додааст. Дар он лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз ҳамин фарзанди фарзонаи миллат бо дурандешиву заковати бемисл, матонату ҷасорати ҳайратангез меъмори кохи муҳташами Ваҳдати миллӣ гардид.
Мерасад миллат ба мулки орзу доманкашон,
Шуҳрати ин сарзамин дар Каҳкашони Ваҳдат аст.
Аз вафодории халқам сар ба гардун мерасад,
Сарфарозиҳои тоҷик армуғони Ваҳдат аст.
Он чи роҳи миллати моро мунаввар мекунад,
Парчами меҳрофару партавфишони Ваҳдат аст.
Аз адолатпешагиву ҳиммати Эмомалӣ
Тоҷикистон сарбасар ҳамдостони Ваҳдат аст.
Бошад ў барҳақ амини амният андар Аҷам,
Ҳамчу меъмори амонӣ дар амони Ваҳдат аст!
Ҷумъа Қувват
Ваҳдати миллӣ беҳтарин дастоварди тоҷикон дар тули таърихи пурмоҷарову пурпечутоби онҳост. Дастоварде, ки заминаи тамоми пешрафту комёбиҳои миллати мо дар ҳама самтҳои зиндагонист. Истиқлолу озодӣ ҳамон вақт арзише хоҳанд дошт, ки Ваҳдати миллӣ мавҷуд бошад. Илми мо, фарҳанги мо, ҳунари мо, таърихи мо, гузаштаи пурифтихори мо фақат бо ҳамин Ваҳдати миллӣ арзиш доранд. Агар миллате ваҳдати миллӣ надошта бошад, дар ин олами пурмоҷарою саршор аз муноқишоти геополитикиву равандҳои мураккаби ҷаҳонишавӣ наметавонад ояндаи нек дошта бошад.
Ваҳдати миллӣ боварии мо ба якдигар, сипари мову зафари мост. Таърих, тақдир миллати моро ба хулосае овард, ки охирин умед, охирин дасти наҷотбахши хирад дар канори вартаҳои нестию ҳалокат ҳамин ваҳдати миллист. Ҳамин гулўлае, ки ҳеҷ путку сандоне наметавонанд онро шикаст; ҳамин рўдборе, ки ҳеҷ садде наметавонад роҳашро баст; ҳамин ресмони ихлосу имоне, ки чун шарёни ниҳоди мо боди фалокате наметавонад онро гусаст. Яъне, наҷоти ҳаёти мо, эътибору иқтидору ифтихори мо ваҳдати миллист.
Шукри Ҳақ, шаҳбози дил дар ошёни Ваҳдат аст,
Раҳбари мо раҳнамое бар ҷаҳони Ваҳдат аст.
Кай равад аз ёдҳо адлу фарри Нўширавон?
Бемуҳобо, Садри мо Нўширавони Ваҳдат аст!
Фарри ваҳдатофаринаш рафт бар ҳафт осмон,
Офтобе, гўӣ, андар осмони Ваҳдат аст!
Ҷумла олам дар раҳи Ваҳдат агар чун тан бувад,
Тоҷикистон, то ҷаҳон боқист, ҷони Ваҳдат аст!
Ҷумъа Қувват
Агар мо Ватани азизу муқаддаси худ, миллати некманишу хайртинати худро дўст дорему ба ояндаи некашон эътимод дорем, бояд ҳамин дастоварди беназир-ваҳдати фарогири худро мисли шарафи худ, нангу номуси худ якдилу якҷон аз сари имону виҷдон ҳимоя ва аз барояш ҷоннисорӣ кунем. Қалъаи амнияте, ки моро аз ҳама душвориву фалокатҳои имконпазир эмин хоҳад дошт, ҳамин Ваҳдати миллии мост.
Ваҳдати миллӣ барои мо баробари Истиқлол муқаддас аст; истиқлоли ормоние, ки ба мо баъди ҳазор насиб гардид. Истиқлол ҳамон вақт пойдор мемонад, ки дар ҷомеа ҳамбастагию ваҳдат бошад. Барои пойдории ваҳдат мо бояд ҳувияти волои миллӣ дошта бошем, яъне худро чун ҷузъи ҷомеа,чун ватандўсти асил бо кору пайкори созанда нишон диҳем, ҳаргиз ба худ наандешем, ки Ватан ба мо чӣ дод, балки ҳар рўз аз худ бипурсем, ки мо ба Ватан чӣ додем, барои пешрафташ, ободиаш, пойдории Ваҳдату Истиқлолаш чӣ корҳои мушаххасе анҷом додем? Ҳамин аст ватандорӣ, ҳамин аст дўст доштани ҳар як тоҷик ва арҷ гузоштан ба миллат!
Барои таҳкими Ваҳдати миллӣ ҳар ватандор муваззаф аст рисолати касбию уҳдадориҳояшро бо камоли масъулият, аз дидгоҳи виҷдон адо намояд. Шинохти арзиши волои ваҳдат ин доштани андешаи умумимиллист, яъне боло гузоштани манофеи миллӣ бар манофеи шахсӣ, доштани ғурур ва номуси миллӣ. Моҳияти номуси миллӣ ин аст, ки ҳар яки мо барои ободии диёри худ, таҳкими иқтидори сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Ватани худ тамоми заковату ғайрати худро истифода кунем, ба оламиён миллати худро бо бузургию шаҳомати азалиаш муаррифӣ намоем. Барои ҳамин, ҳар як ҳамватанро ғояи ягонагии миллӣ, бартарии андешаи миллӣ, нангу номуси тоҷикӣ бештар аз пештар бояд муттаҳид намояд.
Ваҳдату иттиҳоди миллӣ неъмати бузургу муқаддасест, ки пешрафту комёбиҳо дар тамоми самтҳои зиндагонӣ, бахту саодати мардум аз онҳо маншаъ мегирад. Мо муваззафем, ин ваҳдати миллию суботи сиёсиро чун сарвати бебаҳо, чун гавҳараки дидагони худ ҳифз кунему таҳким бахшем. Бигзор дарахти ваҳдати миллии мо дар гулистони шукуфони Тоҷикистон ҷовидона сарсабз бошад!
Фирўз КАРИМЗОДА,
сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе”
Бознашр аз «Ҷаҳони паём»