Баргузории мизи гирд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва рӯнамоии китоби “Ваҳдати миллӣ (феҳристи адабиёт)”

Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи мизи гирд таҳти унвони  “Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ” китоби “Ваҳдати миллӣ (феҳристи адабиёт)” рӯнамоӣ шудааст.

Тавре сомонаи КМТ хабар медиҳад, дар ин нишаст, ки баъд аз зуҳри 21-уми июн баргузор шуд, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, академики АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Кароматулло Олимов, номзади илмҳои фалсафа, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ Мирзошорух Асрорӣ, роҳбарону кормандони Китобхонаи миллӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Чорабиниро директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода оғоз намуд ва аз нақши Ваҳдати миллӣ дар осоиштагии Тоҷикистон ва таъмини оромию субот ҳарф зада, аз ҷумла гуфт: “Сокинони шарафманди Тоҷикистон имсол аз 26-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои орому осоиштаи Ватан истиқбол менамоянд. Таърих ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳад кард, ки 26 сол қабл кишвари офтобрӯяи Тоҷикистон дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месӯхту кишвар ба порчаҳо тақсим мешуд ва ҳазорҳо шаҳрванд тарки ватани аҷдодии худ мекард. Ба бахти миллати фаррухболи  тоҷик фарзонафарзанде дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсату давлатдорӣ омад ва  Ватанро аз нобудшавӣ раҳонид”.