Санаи 13 июни соли 2023 дар ҳошияи таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон коференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 26-солагии Ваҳдати миллӣ, дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ-асоси инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардидааст.
Тавре Вазорати адлия хабар медиҳад, дар кори ҳамоиши мазкур намояндагон аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқи”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо маърӯзаҳо дар доираи самти конфересия иштирок ва баромад намуданд.