8 июн дар доираи сафари давлатии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Давҳа Созишнома дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Созишномаи мазкур пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ имзо гардид.
Созишномаро аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба имзо расониданд.
Пас аз имзои созишнома бо шаҳрдории Давҳа шумораи бародаршаҳрҳои Душанбе ба 22 расид.
То имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бо 21 шаҳри давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико ва Африқо дар асоси созишнома ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ робитаҳои бародаршаҳрӣ дошт.
Шаҳрҳои Санъои Ҷумҳурии Яман, Лусакаи Ҷумҳурии Замбия, Монастири Ҷумҳурии Тунис, Лаҳор ва Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон, Клагенфурти Ҷумҳурии Австрия, Боулдери Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ройтлингени Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Мазори Шарифи Афғонистон, Теҳрон ва Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон, Санкт-Петербурги Федератсияи Русия, Мински Ҷумҳурии Беларус, Урумчӣ, Сямэн, Чиндао ва Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин, Анқараи Ҷумҳурии Туркия, Ашқободи Туркманистон, Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон аз ҷумлаи бародаршаҳрҳои Душанбе мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки дар маҷмуъ, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар дар ҳузури Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.