Имрӯз дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ- амалӣ зери унвони” Аминҷон Шукӯҳӣ ва ҷойгоҳи ӯ дар адабиёти нимаи дуюми садаи ХХ” бахшида ба 100 солагии устод Аминҷон Шукӯҳӣ баргузор гардида истодааст.
Ин чорабинӣ бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст. Дар конференсия Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ато Мирхоҷа муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар адабиётшиносон дар робита ба эҷодиёти устод Аминҷон Шукӯҳӣ маърӯзаҳои илмӣ хонданд.
Қарор аст, ки ин конфронсия то соати 16:00 давом ёбад. Дар ин бора ҳамкорамон Сарвинози Сайдалӣ аз ҷараёни баргузории ин конфронсия хабар медиҳад.