Сафари давлатии Амири Қатар ва ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Тоҷикистон, таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист дар кишвар, афзоиши нафақаҳо дар кишвар аз 1 июли соли ҷорӣ, мушкилоти ҳалношудаи суръати паст ва нархи болои интернет дар Тоҷикистон ва дигар рӯйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе қарор гирифтааст.
Нашрияи расмии “Ҷумуҳрият” дар шумораи рӯзи 8 июн дар ҳошияи сафари давлатии амири Қатар ба Душанбе мақолае бо номи “Тоҷикистон ва Қатар. Рушди муносибатҳои ду шарики боэътимод дар ҳавзаи Осиё” чоп кардааст.
Муаллиф менависад, ки феълан, миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон ҳамкориҳои фаъоли тиҷоративу иқтисодӣ сурат мегиранд, ки дар ин миён Давлати Қатар ба унвони аввалин кишвари арабие, ки дар Тоҷикистон сармоягузории мустақим кардааст, ҷойгоҳи вижа дорад.
Дар ин замина зикр мешавад, ки татбиқи марҳилаи якуми лоиҳаи Маҷмааи истиқомативу иқтисодии «Диёри Душанбе» бо сармоягузории Ширкати қатарии «Диёр», бунёди масҷиди калони замонавӣ дар шаҳри Душанбе, ки бузургтарин масҷиди ҷомеъ дар Осиёи Марказӣ дониста мешавад, намунаи барҷаставу муваффақи ҳамкории байни ду давлат ба ҳисоб мераванд.
Дар идома таъкид мешавад, ки барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар дар арсаҳои тиҷорат ва бахшҳои гуногуни иқтисод, бахусус энергетика, бонкдорӣ, молия, саноат, кишоварзӣ, истихроҷи маъдан, саёҳат ва нақлиёт, заминаҳои мусоиди шартномавию ҳуқуқӣ фароҳам шудаанд.
Нашрияи “Ҷумуҳрият” дар ин шумораи хеш бо нашри матлабе ҳамчунин яке масъалаҳои муҳими соҳаи чорводорӣ – парваришу афзоишдиҳии гӯсфанди зоти ҳисориро баррасӣ кардааст.
Дар ин мақола зикр мешавад, ки айни ҳол саршумори зоти гӯсфандони ҳисорӣ дар Тоҷикистон 1,7 миллион сарро ташкил дода, ба парвариши ин зоти машҳур дар кишвар 7 ферма ва хоҷагиҳои зотпарварӣ машғуланд. Ин зоти гӯсфандон аз рӯи нишондоди вазни зинда дар арсаи ҷаҳон калонтарин маҳсуб ёфта, минтақаи парваришу афзоишдиҳии онҳо танҳо дар Тоҷикистон маҳдуд нест.
Ба гуфтаи олимон, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ҳанӯз дар асрҳои 12-13 бо усули селексияи анъанавии халқӣ ба вуҷуд оварда шудааст ва аз рӯи маҳсулнокӣ дорои нишондиҳандаҳои баланди вазни зинда ва гӯшту равған мебошад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 7 июн хабар медиҳад, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон вакилон лоиҳаи қонуни «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро баррасӣ ва тасвиб карданд.
Саъдӣ Қодирзода раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар ин ҷаласаи парулмон гуфт, ки дар таҳияи лоиҳаи қонун таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, муносибатҳои соҳибкорӣ аз рӯи принсипи ягона — расмиёт, муҳлати номаҳдуд ва якдафъаинаи иҷозатномаҳо барои фаъолият, амал, мол, кор ва хизматрасонӣ ба инобат гирифта шудааст.
Ба гуфтаи Қодирзода, қабул гардидани қонуни мазкур, барои соҳибкориву сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам оварда, сарбориро аз бахши хусусӣ ва омилҳои коррупсияро ҳангоми иҷозатномадиҳӣ аз байн мебарад ва ҷолибияти Тоҷикистонро барои ҷалби сармоягузорӣ дар байни кишварҳои ҳамсоя бештар мегардонад.
Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 5 июн матлабе аз натиҷаи соати парлумонӣ дар заминаи баррасии иҷрои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандон» нашр кардааст.
Дар ин матлаб зикр мешавад, ки то якуми апрели соли ҷорӣ шумораи нафақагирон дар ҷумҳурӣ 765 ҳазору 378 нафарро ташкил медиҳад, ки талаботи моҳонаи онҳо ба нафақа 256, 3 миллион сомонӣ аст.
Аз сӯи дигар дар ин ҷаласа Ҷамила Абдураҳмонзода муовини якуми раҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки 1-уми июли соли 2023 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ зиёд ва индексатсия мешаванд. Аз ҷумла нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидаанд, вобаста ба сатҳи таварруми ду соли охир баробари 16 фоиз зиёд карда мешаванд.
Таъкид мешавад, ки дар умум то 1 июли соли 2023 нафақаи зиёда аз 783 ҳазору 251 нафақагир мавриди бозҳисобӣ ва индексатсия қарор мегиранд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон”дар шумораи рӯзи 7 июн матлаби таҳлилие дар робита ба нарху сифати интернет дар Тоҷикистон нашр кардааст.
Муаллиф бо таассуф иброз медорад, ки ҳоло ҳам Тоҷикистон аз назари суръати интернет миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи аз ҳама поён қарор дошта, дар баробари ин нархи интернет боло меравад. Ба ҳисоби миёна дар Тоҷикситон 1 гигабайт интернети мобилӣ беш аз 20 сомонӣ (1,94 $) арзиш дорад.
Дар ҳоле ки ба навиштаи муаллиф, барои мисол дар Қирғизистони ҳамсоя 1 гигабайт интернет ҳамагӣ 0, 17 сент, яъне наздики 2 сомонӣ арзиш дорад.
Дар ҳамин ҳол Ғафурҷон Эркаев раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон таъкид кардааст, то замоне, ки дар бозори алоқаи мобилӣ ва интернет дар кишвар рақобати солим ба вуҷуд наояд, ҳеҷ коре карда намешавад.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар ин шумораи худ инчунин мақолае дар робита ба сифтаи хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ нашр карда, мушкилоти соҳаро баррасӣ кардааст.
Аз ҷумла муаллиф аз афзоиши ҳолатҳои дуздӣ дар микроавтобусҳои пойтахт изҳори нигаронӣ мекунад. Дар ин замина муаллиф пешниҳод кардааст, ки пардохти роҳкиро дар микроавтобусҳо тариқи ғайринақдӣ роҳандозӣ гардида, инчунин дар ин намуди нақлиёти ҷамъиятӣ дурбинҳои назоратӣ насб шавад.
Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” – нашрияи Кумитаи андоз дар шумораи рӯзи 8 июн дар робита ба масъалаи пардохтҳои ғайринақдӣ матлабе чоп кардааст. Дар ин мақола аз ҷаласаи корӣ дар Кумитаи андоз вобаста ба масъалаи рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон натиҷагирӣ шудааст.
Муаллиф менависад, ки ба ҳолати 1 майи соли ҷорӣ шумораи постерминлаҳои қабули пардохти ғайринақдӣ ба 4 ҳазор адад расидааст. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳад, ки амалиётҳои ғайринақдии анҷомшуда барои пардохти хизматрасониҳои давлатӣ нокифоя ҳаст. Бахусус таъкид мегардад, ки ҳиссаи ба таври ғайринақдӣ пардохт шудани андозҳо, хусусан боҷҳои давлатӣ хеле ночиз аст.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”