Бохти тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии аввали Ҷоми миллатҳои Араб-2023

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон зери роҳбарии Пайрав Воҳидов дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор гардида истодааст, бозии нахустинашро доир намуд.

Дар бозии аввал мунтахаби Тоҷикистон аз тими Либия бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Голро аз ҳайати тими миллии кишвар Файзалӣ Сардоров ба самар расонид.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаҳои Арабистони Саудӣ ва Алҷазоир бо натиҷаи 4:4 мусовӣ бозӣ карданд.

Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Араб-2023 рӯзи 8-уми июн тими миллии Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ рақобат мекунад.

Бояд гуфт, ки аз рӯи ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳии мусобиқот ду дастаӣ аз се гурӯҳ, инчунин ду дастаи беҳтарини ҷойи сеюм ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд.