Академияи идоракунии давлатӣ ба бонувони мансабдори маҳаллӣ забонҳои хориҷӣ, коргузорӣ ва санъати суханварӣ меомӯзонад

6 июни соли 2023 дар Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академияи идоракунии давлатӣ таҳти унвони «Татбиқи сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи татбиқи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 маросими хатм ва ифтитоҳи ду курси такмили ихтисос барои бонувон баргузор гардидааст.

Дар ин бора Академияи идоракунии давлатӣ хабар дода, изофа мекунад, ки аз 3 март то 2 июни соли 2023 бо маќсади тақвият додани дониши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ, коргузорӣ дар идораи давлатӣ ва маҳорати суханварии хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби бонувон ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда бо ҳамкориҳои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ташкил карда шуда буд, натиҷагирӣ шуда, инчунин курси омӯзишии навбатӣ аз рӯйи ҳамин барнома барои 25 нафар бонувони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оғоз гардид.

Ба иттилои манбаъ, таъсиси Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат барои боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳои Кумитаи кор бо занон ва оила ва Академияи идоракунии давлатӣ дар самти ташкили омӯзиши масоили баробарии гендерӣ, омода намудани кадрҳо дар чорчӯбаи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 заминаи мусоид фароҳам овардааст.