Имрӯз дар бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалӣ бахшида ба 100-солагии шоир, нависанда, тарҷумон ва драманависи кишварамон Аминҷон Шукӯҳӣ баргузор гардид.
Дар кори конфронс ёрдамчии Президени мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, вазири фарҳанги кишвар Зулфия Давлатзода, раиси кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддинов, Президени академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, фарзандони устод Аминҷон Шукӯҳӣ ва дигар олимону донишмандон, адибону адабиётшиносони кишвар иштирок намуданд.
Дар оғози конференсия Эмомалӣ Насриддинзода ёрдамчии Президени мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа суханронӣ карда, қайд намуд, ки ҳамаи осори назмию насрии устод Аинҷон Шукуҳӣ абадию ҷовидона ҳастанд. Осори ӯ дар ҳама давру замон метавонад, ки барои мардуми Тоҷикистон хидмат намояд. Ба таъкиди Эмомалӣ Насриддинзода хислатҳои ҷавонмардию миллатдӯстдорӣ ва шаҳрванддӯстдории устод Аминҷон Шукӯҳӣ имрӯз барои пешбурди фарҳанги миллатдӯстии мардуми кишварамон, мусоидат менамояд.
Дар идомаи конференсия Зулфия Давлатзода вазири фарҳанги кишвар баромад карда, гуфт, ки Аминҷон Шукуҳӣ шоири ватансаро ва миллатпарвар буд. Ҳам барои кӯдакон ва ҳам барои насли калонсол ба шакли назму наср асарҳо таълиф менамуд. Ӯ ҳамчун адиб талош менамуд, ки ҳаёти мардуми оддиро ба таври воқеӣ тасвир намояд ва аз рӯзгори онҳо ба ҳамдиёронаш қисса намояд.
Ҳамчунин Аскар Ҳаким шоир халқии Тоқикистон дар ин конференсия суханронӣ карда, изҳор дошт, ки устод Аминҷон Шукӯҳӣ дар эҷоди шеър истеъдоди Худододӣ дошт ва ишқро ба дараҷаи воло ситоиш менамуд. Дар эҷодиёти ӯ натанҳо инсон, балки табиат ҳам саросар аз ишқ иборат буд. Яъне суханҳое, ки дар васфи ишқ истифода мешуданд дар шеърҳои ба ҷамият бахшидаи устод Аминҷон Шукӯҳӣ ҳам истифода гардидаанд ва муҳаббати инсонро ба Ватан бедор менамоянд.
Маврид ба зикр аст, ки баргузор гардидани чунин конференсияҳои илмию амалӣ на танҳо барои гиромидошти шахсиятҳои бузурги кишварамон, балки воситаи муассири дар заминаи арзишҳои миллии гузашта ва муосир тарбия намудани насли ҷавон, инчунин баланд бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳии миллии онҳо мебошад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”