Ҷаласаи 76-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 6 июни соли 2023 дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон доир гардид, ки дар кори он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иштирок намудааст.
Дар ҷаласа роҳбарони хадамоти гумруки Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон, Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ҳузур доштанд.
Дар ҷаласа оид ба масъалаҳои ворид намудани тағйирот ба “Номенклатураи ягонаи молҳои фаъолияти иқтисоди хориҷии ИДМ” қарорҳо қабул гардид. Инчунин низомнома миёни мақомоти гумруки давлатҳои ИДМ оид ба мубодилаи молҳое, ки аз ҷониби макомоти гумруки давлатҳои ИДМ нисбат ба онҳо вайронкунии ҳуқуқи моликияти зехнӣ ошкор гардидаанд, тасдиқ шуд. Ҳамзамон тавсияҳои методӣ оид ба қоидаҳои таҷҳизонидани воситаҳои нақлиёт барои кашондани мол таҳти пломбаҳои гумрукӣ муҳокима гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа ҷонибҳо як қатор масъалаҳои ҳамкории гумрукиро баррасӣ намуда, қарор қабул карданд. Аз ҷумла масъалаи суръат бахшидани равандҳои расмиёти дохилии давлатии мувофиқа барои имзои минбаъдаи Созишнома дар бораи тартиби гузоштани мӯҳрҳо ва штампҳо аз ҷониби мақомоти гумрукии кишварҳои ИДМ дар ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ ва тиҷоратӣ коркард гардид. Қабули ин санад имкон медиҳад, ки убури молҳо аз сарҳадро суръат бахшида, тафовути мавҷуд дар тартиби назорати ҳуҷҷатии онҳоро аз байн бардорад.
Қарорҳо оид ба мукаммал намудани сохтори “Номенклатураи ягонаи молӣ оид ба фаъолияти иқтисоди хориҷии ИДМ” қабул шуд, ки он имкон медиҳад маълумоти омори гумрукии ҳамаи давлатҳои иштирокчӣ дуруст ташкил карда шуда, чораҳои татбиқи танзими гумрукӣ-тарифӣ ва ғайритарифӣ таъмин гардад, инчунин муҳокимаҳои эҳтимолии судӣ оид ба масъалаҳои таснифот пешгирӣ карда шаванд.
Иштирокдорони ҷаласа мавқеи худро оид ба самтҳои асосии ҳамкорӣ дар доираи Созмони умумиҷаҳонии гумрук ҳамоҳанг намуданд.
Ҷонибҳо шартҳои техникии ҳамкории иттилоотиро бо мақсади тасдиқи Низомномаи мубодила миёни мақомоти гумруки давлатҳои ИДМ оид ба молҳое, ки аз ҷониби макомоти гумруки давлатҳои ИДМ нисбат ба онҳо вайронкунии ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ошкор гардидаанд, бо дарназардошти мавқеи иштирокдорон имзо намуданд.
Намояндагони Русия ва Беларус аз натиҷаҳои пешакии татбиқи лоиҳаи пилотии мубодилаи электронии санадҳо ва маълумотҳои интиқоли транзитӣ, ибрози назар намуда, таъкид шуд, ки истифода аз чунин нақшаи корӣ имкон медиҳад, ки сатҳи автоматикунонии транзит аз ҳисоби ҷорӣ намудани гардиши ҳуҷҷатҳои бидуни коғазӣ дар нақлиёти роҳи оҳан баланд карда шуда, хароҷоти вақт ва молиявӣ коҳиш дода шавад.
Дар ҷаласа инчунин, масъалаҳои интихоби роҳбари нави Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои ИДМ, тасдиқи лоиҳаи нақшаи кории Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ, омода намудани кадрҳо барои мақомоти гумруки ИДМ аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва барномаҳои таҳсилоти иловагии касбӣ баррасӣ шуда, нисбат ба онҳо қарорҳои мушаххас қабул гардид.