Бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва амалишавии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилачорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзиширо таҳти унвони “Корвони зиддимухаддиротӣ–2023” оғоз намудааст.
Чорабинии мазкур чун солҳои қаблӣ, бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии он ба нақша гирифта шуда, аз санаи 2-юм то 26-уми июни соли 2023 дар шаҳрҳои Хоруғи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон, Хуҷанди вилояти Суғд, Турсунзода ва баргузории чорабинии ҷамъбастии он санаи 26 июн дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе дар назар аст.
Тавре Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, бо ин мақсад 5-уми июни соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ чорабинии мазкур оғоз гардид, ки дар кори он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муасиссаҳои гуногун, варзишгарон ва ҷавонони фаъоли шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои ВМКБ иштирок намуданд. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини Раиси вилоят оғоз гардида, сипас намояндагони Агентӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш доир ба мақсади чорабинӣ суханронӣ намуданд.
Дар доираи чорабинии мазкур, ҳамчунин мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол, ки байни ҷавонону наврасони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруғ баргузор гардида буд, ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян ва бо туҳфаҳои хотиравӣ аз номи роҳбарияти Агентӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар қисмати фарҳангию фароғатии чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳангии шаҳри Хоруғ барномаи консертӣ намоиш дода шуд, ки ба иштирокчиён руҳу илҳоми тоза бахшид.
Сафари кории “Корвони зиддимухаддиротӣ–2023”, зери шиори “Ҷавонон бар зидди маводи нашъаовар” дар доираи Нақша – чорабиниҳои муштараки таҳиягардида, идома дорад.