Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми миллатҳои Араб-2023 омодагӣ дида истодааст

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон зери роҳбарии Пайрав Воҳидов дар Арабистони Саудӣ қарор дорад. Дар инҷо даста тамринҳоро барои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Араб-2023 идома медиҳад.

Дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023, ки аз 6-ум то 16-уми июн дар Ҷидда баргузор мешавад, ки тими футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Либия ва Алҷазоир бозӣ мекунад. Футзалбозони тоҷик бозии аввалинашро дар ин мусобиқа рӯзи 6-уми июн бо тими миллии Либия анҷом медиҳанд.

Дар гурӯҳи «В» дастаҳои Марокаш, Комор, Қувайт ва Лубнон иштирок мекунанд. Дар гурӯҳи «С» Миср, Мавритания, Фаластин ва Ироқ мубориза мебаранд.

Бар асоси натоиҷи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Араб-2023 аз ҳар гурӯҳ ду даста ва инчунин ду тими беҳтарини дар ҷойи сеюм мавқеъ гирифта, ба даври плей-офф роҳ меёбанд.