Нимҳимоятгари тими мунтахаби Тоҷикистон Хусрав Тоиров дар ҳайати дастаи «Шахтёр» қаҳрамони Украина шуд.
Рӯзи 28-уми май дар доираи даври 29-уми чемпионати Украина дастаи «Шахтёр» бар дастаи «Днепр-1» бо ҳисоби 3:0 ғалаба карда, қабл аз муҳлат унвони қаҳрамониро ба даст овард. Ин 14-умин ҷоиза барои «Шахтёр» дар чемпионати Украина ба ҳисоб меравад. Даста қаблан дар солҳои 2002, 2005, 2006, 2008, 2010, 2011, 2012, 2013, 2014, 2017, 2018, 2019 ва 2020 ғолиби чемпионати Украина шуда буд.
Нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Хусрав Тоиров моҳи марти соли 2023 ба «Шахтёр» гузариш намуда, аввалин бозиашро дар чемпионати Украина 16-апрел бо «Лвов» (2:0) доир кард.
Бояд қайд намоем, ки Хусрав Тоиров ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои иштирок дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки аз 11-ум то 20-уми июн дар Тошканд баргузор мешавад, шомил шудааст.