4-уми июни соли 2023, соати 09:00 дар МД “Боғи Ирам” озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунар омӯз…” баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Озмун бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ бо ҷалби корхонаҳои давлативу хусусӣ ва сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.