Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми миллатҳои Араб-2023, дар шаҳри Душанбе ҷамъомади таълимиву тамринӣ гузаронида истодааст.
Сармураббии тими мунтахаби футзали кишвар – Пайрав Воҳидов ба ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки то рӯзи 2-юми июн доир мешавад, 15-футзалбоз – 3-дарвозабон ва 12-бозингарро даъват намудааст.
Рӯзи 3-июн футзалбозони кишвар ҷиҳати иштирок дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023, ки аз 6-ум то 16-уми июн баргузор мешавад, ба Ҷидда сафар мекунанд.
Тими мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Либия (6-июн), Арабистони Саудӣ (8-июн) ва Алҷазоир (10-июн) бозӣ мекунад.
Дар гурӯҳи «В» дастаҳои Марокаш, Комор, Қувайт ва Лубнон иштирок мекунанд. Дар гурӯҳи «С» Миср, Мавритания, Фаластин ва Ироқ мубориза мебаранд.
Аз рӯи натиҷаи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Араб-2023 аз ҳар гурӯҳ 2-даста ва инчунин ду тими беҳтарини ҷойҳои сеюм ба даври плей-офф роҳ ёфта, дар даври 1/4 ниҳоӣ мубориза мебаранд.
Сорбон Амонуллозода