Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Хуҷанд шинос шуд

Ба муносибати ҷашнҳои умумимиллии Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти таъиноташ гуногун бо маром идома дорад. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни як боздид аз иншооти сохташудаистодаи ҷашнӣ аз наздик шинос гардид.

Нахуст сохтмони Маркази диллерии «Тойота» ва Маркази савдои фирмавии «Хонаи ман” мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо иқдоми ҶДММ «Таҷмоторс» Маркази диллерии «Тойота»-и кишвари Ҷопон ташкил гардида, минбаъд мустақиман автомашинаи ширкати маъруфи «Тойота» ва қисмҳои эҳтиётии он дар ин маркази савдо фурўхта мешавад.

Аз ҷониби ҶДММ «Хонаи ман» бо ширкатҳои кишвари Дания шартномаи ҳамкорӣ баста шуда, минбаъд асбобу техникаи маишии барои хона лозим дар Маркази савдои фирмавии “Хонаи ман» бо нархҳои дастрас фурўхта мешавад. Маркази савдо аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар таҳхона ва ошёнаи якум лавозимоти рўзгор ва маишӣ фурўхта мешавад, дар ошёнаи дуюм барои фароғату бозии кўдакон фарзандони харидорон «Олами бачагон» сохта ба истифода дода мешавад.

Дар маҳаллаи “Темурмалик”-и шаҳри Хуҷанд бо иқдоми муассисони ҶДММ “Папириус» сохтмони корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ бомаром идома дорад. Ҷамъият дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои туркӣ дар ояндаи наздик коргоҳи бузурги коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфиро ба роҳ мемонанд, ки он пурра воридотивазкунанда буда, талаботи рўзафзуни аҳолиро ба ин намуди маҳсулот то қадри имкон қонеъ менамояд. Ояндаи наздик баъди баистифодадиҳӣ дар корхона намудҳои гуногуни дафтар ва дигар ашёи хониш истеҳсол карда мешавад.