«Мақоми Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ»- зери чунин унвон дар Душанбе Конфиренсияи илмӣ баргузор гардид

Бо ташаббуси Раёсати академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Меросдор» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 700-умин солагии зодрўзи шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ Конфиренсияи илмӣ таҳти унвони «Мақоми Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ» баргузор гардид. Дар ин бора Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рафти ҳамоиши илмӣ ноиби Президенти АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон, доктори илми филология Б. Мақсудов дар мавзўи «Мақоми Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ», номзади илми филология Б. Забеҳулло оид ба «Нусхаҳои хаттии осори Камоли Хуҷандӣ дар ганҷинаи дастнависҳои ба номи А. Мирзоеви Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ» ва номзади илми филология С. Ализода дар атрофи «Татаббуъоти Камоли Хуҷандӣ» маъруза пешниҳод намуданд.

Баромадкунандагон қайд намуданд, ки Камоли Хуҷандӣ, яке аз забардасттарин суханварон ва беҳтарин шоирони ғазалсарои халқи тоҷик дар асри ХIV буда, дар таърихи шеъри тоҷикӣ- форсӣ бо ғазалҳои баландмазмуни худ саҳми босазоеро гузоштааст. Осори гаронбаҳои ин марди сухан аз замони зиндагиаш сар карда то замони мо вирди забони ҳамагон гардидааст. Ғазалҳои намакини ў, то ба имрўз аз забони  овозхонҳои мумтози касбӣ аз саҳнаҳои баланд садо медиҳанд. Халқи адабпарвари мо шаъну эътибор ва қадру манзалати адибони бузурги худ, аз ҷумла Камоли Хуҷандӣ-шоири нодиргуфторро пос медорад.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *