“Тоҷикистон”:  Аз қаллобон дар интернет эҳтиёт кунед (Шарҳи матбуот)

Бозтоби натиҷаҳои сафари давлатии президенти Ҷумуҳрии Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон, таҷлил аз 78-умин солгарди пирӯзӣ дар ҶБВ, масъалаи истифодаи муассири захираҳои обӣ дар Осиёи марказӣ ва нигарониҳо аз афзоиши ҳолатҳои қаллобӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои интернет аз ҷумлаи муҳимтарин мавзуҳои баррасишуда дар нашриҳои чопи ин ҳафтаи Душанеб аст.

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораҳои рӯзи 11 май дар мавриди сафари давлатии президенти Ҷумуҳрии Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон ва натиҷаҳои ин сафар барои ду кишвар гузориши муфассал чоп кардааст.

Дар баробари ин нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумоари рӯзи 10 май навиштааст, ки моҳи сентбяри соли 2021 дар деҳаи Мискинобод бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ баъд аз таъмиру навсозӣ ба фаъолият пардохт. Аммо гузашти ҳамагӣ ду сол аллакай, фарши роҳравҳояш харобу валангор шудаву дар фасли зимистон системаи гармидиҳӣ чандон фаъолияти хуб надошт. Аз ҷумла, масъалаи доғ бо об пурра таъмин набудан маҳсуб мешуд, ки ҳоло тамоман аз фаъолият бозмондааст.

Аз сӯи дигар ба навиштаи муаллиф, имрӯзҳо масъулон шуъбаи бемориҳои сироятиро, шуъбаҳои таваллудхона, муолиҷавӣ ва бемориҳои кӯдакона кардаанду аз шуъбаи бемориҳои сироятӣ дараке нест.

 Нашрияи  “Ҷумҳурият” ҳамчунин дар ин ин шумораи худ мақолае бо номи “ВМКБ. Чаро ҳисоботи оморӣ бозгӯи ҳақиқати ҳол нестанд?” чоп карда, муаллиф масъалаи дурустии ҳисоботҳои омориро баррасӣ кардааст. Дар ин замина таъкид мешавад, ки ахиран масълаи мазкур дар дар машварати  назоратии назди раиси вилоят баррасӣ шуд.

Муаллиф дар ин мақола менависад, ки солҳои пеш тибқи ҳисоботи оморӣ, гӯё дар ин вилоят дар як сол  52 ҳазор тонна картошка истеҳсол мешуд. Аммо ин омор шубҳанок аст, зеро дар чунин  майдони замини зери кишти картошка ва обу ҳавои  кӯҳистони  Бадахшон истеҳсоли  ин миқдор картошка ғайриимкон аст.

Соли 2020 бошад, ба гуфтаи муаллиф  дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Вилоят дар ҳисобот истеҳсоли 24 ҳазор тонна  картошка нишон дода шуда буд, ки ба назарам, ин ҳам  ба ҳақиқат мувофиқ намеояд.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 10 май хабар дод, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон  вакилони мардумӣ се созишномаи байналмилалиро баррасӣ ва тасвиб карданд. Нахуст дар дар парлумон созишнома байни Тоҷикистон Покистон «Оид ба тиҷорати транзитӣ» , ки соли 2022 ба имзо расида буд, баррасӣ ва тасдиқ шуд.

Фаррух Неъматзода муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ин ҷаласаи парлумон гуфт, ки созишномаи мазкур ба Тоҷикистон имкони иловагӣ барои баромад ба бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадари Покистонро таъмин намуда, бо истифода аз ҳамлу нақли мултимодалӣ пайвастшавӣ ба долони иқтисодии Чин ва Покистон, ки имконияти хуб барои рушди тиҷорат, транзит ва ҳамлу нақли борро дар ҳар ду кишвар фароҳам хоҳад овард.

Дар баробари ин вакилони Маҷлиси намояндагон дар ин ҷаласа созишномаи грантӣ байни Тоҷикистон ва Бонки авруосиёии рушд  ва Ёддошти тафоҳум байни Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар бораи Дафтари барномаҳои ин Созмон дар Душанберо муҳқоима ва тасдиқ карданд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 10 май бо нашри матлабе аз афзоиши ҳолатҳои қаллобӣ дар интернет  изҳори нигаронӣ кардааст. Ҷовидон Ҳамидов намояндаи яке бонкҳои тиҷоратӣ гуфтааст, ки бо роҳандозии барномаҳои худкор дар як моҳ аз 400 то 500 ҳазор сомонии маблағи муштариёнро аз доми қаллобон пешгирӣ мекунанд.

Бо ин вуҷуд ба гуфтаи Шуҳрат Холиқов намояндаи “Амонатбонк” яке аз сабабҳои асосии дуздии маблағи муштариён зудбораии худи сокинон аст, ки маълумотҳои махфии корти бонкӣ ва ҳамёни электронии худро ба нафарони ношинос мефиристанд.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре хабар додааст, ки аз сабаби норасоии оби полезӣ зироати деҳқонони деҳаҳои Рукнобод ва дашти Қозии шҳари Панҷакент хисороти зиёд дидаанд. Муаллиф дар ин замина навиштааст, ки аксари заминҳои обии ҳудуди деҳаҳо ва ҷамоатҳои ин минтақаи шаҳри Панҷакент тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд. Аммо насосҳо дар ҳолати корношоям қарор доранд, ки боиси нигаронии мардум шудааст.

Гуфта мешавад, ки канали Марғедар зиёда беш аз 9 ҳазор гектарро дар ин мавзеъ обёрӣ мекунад, аммо ҳаҷми оби ин канал ка буда, наметаовнад ҳамаи ин заминҳоро шодоб кунад.

Нашрияи русизабони “Азия плюс”  дар шумораи рӯзи 11 май масъалаи таъсиси ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027-ро баррасӣ кардааст.  Тибқи барномаи давлатӣ дар ин муддат дар Тоҷикистон дар умум бояд 1,2 млн ҷойи корӣ , аз ҷумла дар бахши воқеъии иқтисод  748 ҳазор ва дар соҳаи хизматрасонӣ 506 ҳазор фурсатҳои шуғлӣ таъсис шавад. Дар ин замина таъкид мешавад, ки аз шумораи умумии ҷойҳои корӣ  457 ҳазори он шуғли доимӣ буда, боқӣ муваққатӣ ва мавсимӣ ҳастанд.

Дар баробари ин нашрия ёдовар мешавад, ки то соли 2027 захираҳои меҳнатии Тоҷикистон низ дар қиёс ба соли 2022  10 дарсад зиёд шуда, ба 6,4 млн нафар мерасад.

Нашрияи “Азия плюс” дар матлаби дигари ин шумораи хеш масъалаи истифодаи захираҳои обӣ дар кишварҳои  Осиёси марказиро баррасӣ карда навиштааст, ки дар ин минтақа истифодаи об ғайри муассир сурат мегирад.

Муаллиф ба унвои мисол наивштааст, ки тибқи таҳлили коршиносони Бонки рушди АвруОсиё  дар Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти корхонаҳои парандапарварӣ  61 маротиба бештар,  инчунин Ӯзбекистон дар бахши чорвордорӣ  10 маротиба ва Туркманистон барои парвариши пахта 42 баробар бештар обро дар қиёс ба кишварзони Чин масраф мекунанд.

Муаллиф дар ин замина аз қавли коршиносони чинӣ навиштааст, ки агар кишвраҳои ммнтақаи Осиёи марказӣ захираҳои обиро сарфакорона истифода баранд, имкони сарфаҷуёӣ аз 56 дарсади захираҳои обӣ ва бо ғизо таъмин намудани 387 млн нафар вуҷуд дорад.

Зиёратшои АҲМАДШО,

Радиои Тоҷикистон