Дар Институти афкори стратегии Туркия бахшида ба мавзуи “Дипломатияи обии Тоҷикистон” ҳамоиш доир шуд

11 май бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар ҳошияи 31-умин солгарди барқарор шудани муносибатҳои дипломатии байнидавлатӣ дар Институти афкори стратегии Туркия дар мавзуи «Дипломатияи обии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш Сафири Тоҷикистон дар Туркия, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (маҷозӣ), директори муассисаи мазкур, олими ҷавон аз Афғонистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон дар ин ҷамъомад олимон, коршиносон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои бонуфузи Туркия иштирок намуданд.