Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади муаррифии иқтидори сайёҳии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 20 июли соли 2023 дар шаҳри Хоруғ кнференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон: дастговард ва мушкилот (омӯзиши таҷрибаи ВМКБ)” баргузор мешавад.
Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади муаррифии иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар кори Конференсия баррасии масъалаҳои зерин дар назар дошта шудааст:
— афзалиятҳои соҳаи сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
— обҳои шифобахш-омили рушди сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
— тақвияти нерӯи инсонӣ, таъминоти кадрӣ ва шуғли пурмаҳсул дар соҳаи сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
— маконҳои таърихиву фарҳангӣ муаррифгари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар арсаи байналмилалӣ;
— роҳҳои рушди инфрасохтор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
— рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ ва шикор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
— нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рушди соҳаи сайёҳии ВМКБ;
— роҳҳои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.