Тоҷикистон аз ҷониби КФО мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои олимпии то 23-сола гардид

Конфедератсияи футболи Осиё кишварҳоеро, ки бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои олимпии то 23-соларо мизбонӣ мекунанд, эълон кард.

Конфедератсияи футболи Осиё 11-кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Баҳрайн, Чин, Индонезия, Урдун, Кореяи Ҷанубӣ, Қувайт, Арабистони Саудӣ, Тайланд ва Ветнамро барои мизбонии бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои (U-23) интихоб кардааст. Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои олимпии то 23-сола аз 4-ум то 12-уми сентябр баргузор мешаванд.

Қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-сола, дар қароргоҳи КФО дар Куала-Лумпури Малайзия баргузор мешавад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 44-даста ба 11-гурӯҳ тақсим мешаванд. Ғолибони гурӯҳҳо ва инчунин 4-дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюмро ишғолкарда ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 роҳхат мегиранд. Ҷоми Осиё-2024 соли оянда дар Қатар баргузор мешавад.

Сорбон Амонуллозода