Тоҷикистон бори аввал мизбони мусобиқаи байналмилалии Dushanbe Grand Prix 2023 мешавад

Аз 2-юм то 4-уми июни соли равон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии ҷудо – Dushanbe Grand Prix 2023 баргузор мешавад.

Dushambe Grand Prix 2023 дар доираи мусобиқоти “Сайри ҷаҳонии ҷудо”-и Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор шуда, мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошад.

Дар Dushanbe Grand Prix 2023 иштироки варзишгарони беш аз 50 давлат дар назар аст. Аз ҷумла, “шоҳи ҷудо” – Тедди Риннери афсонавӣ ҳам дар ин мусобиқа ширкат меварзад.

Бояд хотиррасон намуд, ки баргузории Dushanbe Grand Prix 2023 баҳри муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари рушдкардаву меҳмоннавоз, ободу осоишта ва замонавӣ як такони тозае хоҳад бахшид.

Зеро ин гуна мусобиқотҳоро зиёда аз 100 кишвари сайёра пахш менамоянду, зиёда аз 400 варзишгарони қавии ҷаҳон ба Тоҷикистон сафар хоҳанд намуд.

Алалхусус, бо назардошти он ки дар 2 соли оянда ин гуна мусобиқотҳои расмӣ имтиёзи Олимпиро барои иштирокчиён ва ҷоизадорон мебахшад, шумораи довталабон дучанд зиёд хоҳад гардид.

Тибқи таҷриба маълум аст, ки телевизионҳои муваффақи ҷаҳон аз қабили Евронюс, Евроспорт ва СНН ҳамчун шарики расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо пайваста тарғиби ҳам мусобиқа ва ҳам кишвари мизбон менамоянд.

Интизор меравад, ки баргузории ин мусобиқа барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлолу рушдкарда ва меҳмоннавозу паҳлавонпарвар дар арсаи ҷаҳон як такони хубе хоҳад бахшид!

Макони баргузории мусобиқа “Маҷмааи варзишии Қасри теннис ва варзишҳои обӣ”-и шаҳри Душанбе пешниҳод гардидааст.