Рӯзи сеюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои кишвар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардида истодааст.
Имрӯз санҷиши донишу малакаи иштирокчиёи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» миёни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорон дар Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии гимназияи рақами 74 ноҳияи Фирдавсӣ ҳам гузаронида шуд. Тахмина Рауфова омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ рақами 57 –уми ноҳияи Фирдавсӣ буда, дар озмун ба ҳайси довар иштирок намуда истодааст. Номбурда зимни суҳбат ба мо гуфт, ки сол то сол шумораи довталабони озмун зиёд гардида истодааст. Имсол дар даври дуюми озмун аз ноҳияи Фирдавсӣ зиёда аз 400 нафар иштирок доранд ва мо кӯшиш менамоем, ки дониши онҳоро санҷида, холисона баҳогузорӣ намоем.
Мавзуна Ҷураева хонандаи синфи 10 – и МТМУ рақами 121 – и ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе буда, соли дуюм аст, ки дар озмун аз рӯи наминатсияи “Адабиёти классик” иштирок мекунад. Ӯ аз баромади худ қаноатманд аст ва умед дорад, ки аъзои ҳакамон ба ӯ баҳои арзанда хоҳанд дод.
Иштирокчии дигари озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи наминатсия “Адабиёти муосири тоҷик” Дилафзо Ҷуразода хонандаи синфи 11 – и МТМУ рақами 51 – и ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе мебошад. Дилафзо дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки агар дар ин давр ғолиб наояд ноумед намешавад ва боз соли оянда бо таёрии бештар иштирок хоҳад кард.
Ёдовар шудан зарур аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли панҷум аст, ки баргузор гардида, ба баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолигардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи мусоидат мекунад.
Сарвинози Сайдалӣ,
Радиои Тоҷикистон