Ба истиқрори робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин 10 сол пур мешавад. Ба ин муносибат соли ҷорӣ ташкили як силсила чорабиниҳои ҷашнӣ, ҳам дар шаҳри Душанбе ва ҳам Сямэн, дар назар аст.
Бо мақсади дар сатҳи баланди хотирмон таҷлил намудани ин санади таърихӣ ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ, ҳайати баландпояи шаҳри Сямэн бо роҳбарии муовини Раиси шаҳр Чжан Жунлян санаи 15 май бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Худи ҳамин рӯз ҳайати шаҳри Сямэнро бо роҳбарии муовини Раиси шаҳр Чжан Жунлян муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқоти пурмуҳтаво, ки дар фазои созанда сипарӣ гардид, ҷонибҳо масоили марбут ба таҳким ва рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар доираи муносибатҳои бародархондагӣ баррасӣ намуданд.
Дар ин давра байни шаҳрҳо равобити судманди пурмаҳсул ба роҳ монда шуда, ҳамкориҳои дуҷониба самту уфуқҳои нав ба навро касб намудааст.
Дар идомаи омодагиҳо ба ин санаи таърихӣ дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 10 солагии истиқрори робитаҳои бародаршаҳрӣ намоиши аксҳои марбут ба ифтихори ин санаи фархунда, ки таҷассумгари воқеии муносибатҳои бародархондагии дуҷониба маҳсуб меёбад, ифтитоҳ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи аксҳо намояндагони ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ, корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ иштирок намуданд.
Дар доираи сафари корӣ ҳайати шаҳри Сямэн дар баробари дидору мулоқотҳо бо роҳбарияти шаҳри Душанбе ва иштирок дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи аксҳои марбут ба таърихи 10 соли ҳамкориҳо ва таҷассуми шаҳри Сямэн, ҳамзамон аз маконҳои таърихию сайёҳии пойтахт дидан намуданд.
Меҳмонон ҳамчунин бо фаъолияти як қатор муассисаву корхона ва марказҳои хизматрасонии шаҳр, ба шумули Майдони «Истиқлол» ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол», Маҷмааи «Кохи Наврӯз», Корхонаи муштараки автомобилбарории ҶДММ «Акиа Авесто Автоматив Индастри», Маркази савдои «Меҳргон» ва ғайра шинос шуданд.