Нимаи дуюми рӯзи 15-уми май муштзани номошноӣ тоҷик, барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳонии бокс Баҳодур Усмонов ба Ватан баргашт.
Баҳодурро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, наздикону пайвандон ва ҳаводорони риштаи варзиши бокси мамлакат самимона пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Баҳодур Усмонов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар шаҳри Тошканд, ки аз 3-юм то 14-уми май доир гардид, зери вазни 63,5кг ҳунарнамоӣ карда, барандаи медали биринҷӣ шуд.
Муштзани тоҷик дар даври нимниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс бо Чинзориг Баатарсух аз Муғулистон сабқат кард. Рақобати ин ду муштзани соҳибтаҷриба бисёр пуршиддат сурат гирифт, ки дар натиҷа бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 1:4 ғолибият насиби муштзани муғул гардид ва Баҳодур Усмонов медали биринҷиро ба даст овард. Дар баробари соҳиби нишони биринҷӣ гаштан, инчунин муштзани тоҷик соҳиби 50-ҳазор доллари амрикоии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс шуд ва тавонист, ки рӯйдоди ҷадидеро дар таърихи бокси меҳан рақам занад.
Ӯ пас аз 12-сол дигарбора барои Тоҷикистон медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба боксро овард.
Бояд қайд намоем, ки 12-сол пеш Анвар Юнусов дар вазни то 56кг дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Боку бо мағлуб кардани муштзани кубагӣ соҳиби нишони биринҷӣ шуда буд.
Баҳодур то соҳиб шудан ба ин дастоварди бузург Алекс Исенди аз Танзания, Муҳаммад Алкасба аз Урдун, Нодир Абдулзақ аз Марокаш ва Хунатип Пудничиро аз Тайланд шикаст дод.
Сорбон Амонуллозода