Бошгоҳи каталонии «Барселона» 4-давр қабл аз анҷоми мавсими 2022/23 расман унвони қаҳрамонии Ла Лигаи Испанияро ба даст овард.
Пас аз ғалаба дар дербии Каталония бо «Эспанйол», шогирдони Хави Эрнандес тавонистанд пеш аз муҳлат унвони қаҳрамониро ба даст биёранд. Ҳамин тариқ, дастаи каталонии «Барселона» 27-умин унвони қаҳрамонии Испанияро дар таърихи фаъолияташ соҳиб шуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 14-май «Барселона» дар бозии даври 34-уми Ла Лигаи Испания бар тими «Эспанйол» бо ҳисоби 4:2 пирӯз гардида буд. Аз ҳайати дастаи каталонӣ Алекс Балде, Кунде як голӣ ва Роберт Левандовски дубл кард. Ба дарвозаи меҳмонон Хавйер Пуадо ва Хоселу гол ба самар расониданд.
Бошгоҳи «Барселона» дар 34-давр 85-имтиёз ба даст оварда, фарқият аз «Реал Мадрид», ки дар ҷадвали мусобиқот дар ҷойи дуюм қарор дорад, 14-имтиёзро ташкил медиҳад.
«Эспанйол» дар 34-бозӣ бо 31-имтиёзи ба даст овардааш дар зинаи қабл аз охирин қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки «Барселона» бори аввал пас аз соли 2019 дар Ла Лига пирӯз гардид.
Сорбон Амонуллозода