Аз соати 23:00-и имшаб то 15 июн ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои «Саодат»-и пойтахт муваққатан қатъ карда мешавад. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, қатъи роҳи мазкур бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмону навсозии роҳи автомобилгарди хиёбони Б.Ғафуров (аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои «Саодат») сурат мегирад.
Аз ин лиҳоз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати хиёбони Б. Ғафуров истифода баранд.