Шоми дирӯз дар амфитеатри шаҳри Душанбе маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории Фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода, роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо, намояндагони вазорату идораҳои мамлакат инчунин ҳунармандон иштирок намуданд.
Дар оғози маросим Матлубахон Сатториён муовини сарвазири кишвар суханронӣ карда, қайд намуд, ки либоси миллии тоҷикӣ яке аз унсурҳои муҳимми муаррификунандаи халқу миллат дар арсаи ҷаҳонӣ буда, ифодагари назокату малоҳати бонуи тоҷик ба шумор меравад.
Маврид ба зикр аст, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи Мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» аз ҷониби ин Созмон ба мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид карда шуд. Тавре Фирӯз Саидов омӯзгори Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон мегӯяд, баргузор гардидани ингуна фестивалҳо барои муаррифии либоси миллӣ, ки он як ҷузъи фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад, таъсири амиқ мерасонад.
Дар идомаи маросими Фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” барномаи консертӣ манзури бинандагон гардонида шуд, ки табъи ҳамагон болида гашт. Дар анҷом ва ҷамъбасти фестивал аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ барои иштироки фаъолона дар даври ниҳоии фестивал ба Вилояти Хатлон, Суғду Бодахшон, шаҳри Душанбе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт диплом ва маблағи пулӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин аз тарафи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ ба ҳамаи иштирокчиёни Фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” аз тамоми қаламрави кишвар ва як қатор вазорату кумитаҳо сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Сарвинози Сайдалӣ,
Радиои Тоҷикистон