Ба ифтихори Рӯзи радио. Нақши радио дар раванди ҷаҳонишавӣ ва муборизаҳои иттилоотӣ бузург аст

Ба ҳамгон маълум аст, ки дар  ҳама марҳилаҳои рушди ҷомеа нақш ва рисолати воситаҳои ахбори омма, бахусус, радио чун замони муосир таъсиргузор ва натиҷабахш набуд. Ин рисолат бо пайдоиши техника ва технологияи навтарин, амалӣ шудани асосҳои демократӣ дар ҷомеа дучанд зиёд шуда истодааст. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттиоотӣ ахбор ва ё маълумот дар муайян намудани равандҳои ҷомеаи муосир  нақши муассир доранд. Инсоният имрӯз ба иттилоот ниёзи бештар дорад, зеро ӯ мехоҳад аз тамоми рӯйдодҳои фазои фаъолияти ҷомеа огоҳ бошад.

Дар ин миён саҳми барномаҳои радио хеле назаррас аст, чун дастрасии радио назар ба матбуот, телевизион ва интернет бештар аст ва имкони фарогирии аудиторияи бузургро дорад. Ҳамин хусусят ба он даст додааст, ки то ҳол мақомашро дар фазои иттиоотӣ гум накардааст. Умуман, барномаҳои радиоӣ аз се унсури таъсирбахш – матн, нутқ ва мусиқӣ иборанд, ки тарзи корбурди хоси худро доранд ва аз дигар воситаҳои ахбори омма фарқ мекунанд. Чанд нуктаи муҳим дар фаъолияти радио:

  • қобилияти интиқоли иттилоот ва фаъолият дар ҳама ҷо;
  • дараҷаи паҳншавӣ (қариб дар тамоми ҷаҳон);
  • сарфа дар истифодаи таҷҳизои техникӣ;
  • имконияти истифодаи якчанд интиқолдиҳанда.
  • осонии сабти барномаҳо барои истифодаи такрории онҳо ва ғайра…

Ҳамин махсусиятҳо боис шудаанд, ки ҷойгоҳ ва нақши радио дар Тоҷикистон ҳамчун воситаи иттилоърасонӣ назаррас ва таъсирбахш боқӣ бимонад. Дар мамлакати мо, хусусан, дар деҳот аз шабакаҳои радио зиёд истифода мебаранд дар шаҳрҳо низ мардум баробари итсифода аз интернету телевизор, аз радио ҳам истифода мекунанд. Махсусан, дар дохили нақлиёт ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ.

Тавре огоҳ ҳастем 7  май дар ҷаҳон  Рӯзи ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа таҷлил карда мешавад, чунки соли 1895 физики рус Александр Попов нахустин дастгоҳи радиоро ихтироъ карда, бо ҳамин ба рушди алоқаи бесим асос гузошт. Ин  рӯз бори аввал соли 1925 ҷашн гирифта шуда, аз соли 1945 инҷониб ҳамасола дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад.

Баъд аз 35 соли ихтирои радио дар Тоҷикистон 10 апрели соли 1930  радио ба фаъолият оғоз кард. Он замон радио дар мавҷҳои миёна кор карда, аз соати 7-и субҳ то 22-и шаб барнома пахш менамуд.

Ба андешаи муҳаққион радиои тоҷик марњилањои гуногунро паси сар кард, ки ҳар як давра хусусияти хос дорад:

– давраи аввал ба солҳои шуравї рост меояд.

– давраи дуюмро метавон ба солҳои истиқлолият нисбат дод.

Дар радиои давраи соҳибистиқлолӣ, ҳарчанд анъанаҳои фаъолияти касбӣ идома ёфтанд, аммо он аз чанд ҷиҳат аз марҳилаҳои қаблӣ фарқ мекунад. Ин фарқро, пеш аз ҳама, ба дигаргун шудани низоми пахши барномаҳои радиоӣ ва рангоранг гардидани мақом ва дараҷаи мазмуну муҳтавои гуфторҳо фаҳмидан мумкин аст. Баъдан, ба шарофати сулҳу истиқлол ва демократисозии ҷомеа дар низоми радиоҳои муосири тоҷик: формати расмӣ, омехта, хусусӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ, тиҷоратӣ-фароғатӣ ва амсоли ин ташкил ёфт. Вале Радиои «Тоҷикистон» ба сифати аввалин радиои ватанӣ то имрўз фаъолияти худро чунин вусъат бахшидааст:

а) шуъбаи хориҷӣ (1949), шуъбаи шаҳрӣ (солҳои 1960-ум) (қаблан фаъолият доштанд ва бо рўҳияи талаби замон тағйири ном карданд. Ба мисоли “Барномаи дуюм”, барномаи «Фурўғи Ориёно» (1993)) ва ғайра; 

б) радиоҳое, ки дар замони истиқлол таъсис ёфтанд, чун «Садои Душанбе», «Овози тоҷик», «Фарҳанг»;

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар фазои иттилоотии  мамлакат тағйироти куллӣ ба амал омад, зеро дар баробари дигар васоити ахбори омма радио низ рушд карда, теъдоди радиоҳои давлатӣ ва мустақил зиёд гардид.

Дар ҳақиқат радио дар замони муосир яке аз воситаҳои расонидани иттилоот  ба ҷомеа эътироф гардида, дар инъикоси воқеоти рӯзгор, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолат ва дӯстию рафоқат нақши муассир дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия, ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода шудааст. Дар баробари ин аз 14 ноябри соли 1996 инҷониб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» амал мекунад, ки тамоми самтҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва фаъолияти телевизион ва радиошунавониро ба танзим медарорад.

Радио дар таъмини  фазои иттилоотии Тоҷикистон саҳми назаррас дошта, мақсади аслии он ғанӣ гардонидани фазои иттилоотии Тоҷикистон бо ахбори ҷолибу созанда ва таъмини фароғату баланд бардоштани маънавиёти мардум мебошад. Бояд  иброз дошт, ки мавқеи радиоро на телевизион ва на интернет танг карда наметавонад, зеро радио ҳамқадами замон буда, мақому мартабаи худро аз даст намедиҳад».

Ин суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои болоро хулоса мекунанд: «Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд».

Абдурозиқ МАРДОНӢ,

рӯзноманигор